Зеҳн
Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа

АдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

(1953), Шекспир “Ҳамлет” (1970), Молиёр “Табиби зӯракӣ” (1972), Сервантес “Дон Кихот” (1974), Ҷ. Айтматов “Куллаи Фудзияма” ҳоло ҳам аз беҳтарин тарҷумаҳо дар адабиёти тоҷик маҳсуб мешаванд. С. Улуғзода ҳанӯз аз солҳои 30-юм ба тадқиқи осори намояндагони шинохтаи адабиёти ҳазорсолаи тоҷик таваҷҷуҳ зоҳир намуд ва дар ин соҳа низ хизмати бедареғ кард. Ӯ чун узви вобастаи Академияи илмҳои Тоҷикистон (1951) асару мақолаҳои зиёд таълиф намуда, дар инкишофи адабиётшиносии тоҷик саҳми муносиб гузошт. Як қатор мақолаҳои олим, аз ҷумла “Лоҳутии мо” (1933), “Анҷумани якуми нависандагони шӯроии Тоҷикистон” (1934), “Садриддин Айнӣ” (1935), “Дар бораи шоирони Помир” (1935), “Барои асарҳои саҳнавии олисифат” (1947), “Дар бораи баъзе масъалаҳои танқиди адабӣ ва адабиётшиносӣ дар республика” (1954) ба адабиётшиносӣ ва нақди адабии давраи нави тоҷик бахшида шудаанд. Ҳамчунин, С. Улуғзода оид ба рӯзгор ва эҷоди Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Дақиқӣ, Ҳаким Фирдавсӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Носири Хусрав, Аҳмади Дониш барин шахсиятҳои барҷастаи фарҳангӣ асару мақолаҳои пуркимат таълиф намудааст. Рисолаҳои “Аҳмади Дониш” (1946) ва «Пири ҳакимони машриқзамин» (1980) дорои қимати калони илмӣ мебошанд. Мақоми С. Улуғзода дар таърихи адабиёти давраи нави тоҷик чун нависанда ва драматург басо баланд аст.

Дар эҷодиёти С. Улуғзода насри бадеӣ асосан баъди Ҷанги Бузурги Ватанӣ мавқеъ пайдо мекунад. Дар очерку ҳикояҳои “Атака” (1944), “Бибӣ” (1946), “Саёҳати Бухоро бо ҳамроҳии Айнӣ” (1950) “Қаҳрамони Днестр, Висла ва Одер” (1967) воқеаҳои даврони шӯравӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.

Воқеаи ҳикояи “Марги ҳофиз” (1972) бошад, дар Ҳиндустон рӯй медиҳад. Падар – ҳофизи бузург фарзанди

пешина
аз 343
навбатӣ