Зеҳн
Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа

ТаҳсилотАдабиёт
Аз аввал хондан

ногоҳ бемор шуда вафот мекунад. Падар ҳамроҳи Собиру Мухтор ба деҳа мекуҷад. Баъди чанде ба дидорбинии Азиз ба Тошканд рафта бар намегардад. Собир ҳолати худро аз шунидани хабари вафоти падару бародараш дар боби «Ятими» чунин баён кардааст: «Шабро зор-зор гириста саҳар кардам. Барои он ки Мухтор аз хоб бедор нашавад, сарамро ба кӯрпа печонда бесадо мегиристам. Саргузаштҳои умри ёздаҳсолаам ба ёдам меомаданд...» Дар бобҳои минбаъдаи асар Собир чанд муддат дар мактаби Муллозайниддин, чанд муддат дар мактаби нави деҳа ва баъд дар интернати шаҳри Тӯс таҳсили илм мекунад. Соли 1925 Собир чун талабаи пешқадам ба Дорулмуаллимини тоҷикии Тошканд роҳхат мегирад. Дар чанд боби минбаъдаи «Субҳи ҷавонии мо» таҳсили Собир дар Дорулмуаллимин тасвир ёфтааст. Аз ҷумла, дар боби «Халқи худро шинос» Собир таассуроти худро аз сӯҳбати профессори рус Михаил Степанович Андреев, ки бо лаҳҷаи софи тоҷикӣ «ассалому алайкум, бачаҳо!» гӯён ба синф даромада буд, баён месозад: «Олими рус, ки нахустин бор ба ман «халқи худро шинос» гуфта буд, як умр дар хотири ман монд». Собир айёми таътил ба деҳа меравад ва чанд муддат ба Мухтор ҳамроҳӣ карда, боз аз паи таҳсил дар Дорулмуаллимин мешавад.

Дар қиссаи «Субҳи ҷавонии мо» зиёда аз сӣ персонаж амал мекунад. Собир чун қаҳрамони асосӣ дар тамоми воқеаҳои қисса фаъолона ширкат дорад. Махсусан, дӯстӣ ва рафоқат ба Леня, Паша, Серёжа барин кӯдакони рус боиси забондонӣ ва инкишофи ҷаҳонбинии Собир гардид. Ҳангоми аз Тошканд ба деҳа кӯч бастан Серёжа ба Собир китоб медиҳад:

  • Ма, Собир, ин ба ту ёдгорӣ, - гуфт вай китобро ба ман дароз карда. Ин ҳамон китоб буд – китоби мусаввар бо суратҳои ҳайвонот ва мурғони ёбоӣ, ки ман онро ҳар дафъа бо шавқу ҳавас варақ мезадам ва аз тамошояш сер нашудам. Серёжа медонист, ки ман ин китоби ӯро аз ҳамаи китобҳои дигараш дӯсттар медорам, бинобар ин
пешина
аз 343
навбатӣ