Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа
хостааст дар дами ҷудоӣ онро ба ман бахшад. Ман аз шодӣ саросема шуда гумон кардам, ки Серёжа ҳазл мекунад. Аммо вай ҳазл намекард ва бо табассуми гарми дӯстона мегуфт:
– Ҳар вақте ки варақ задӣ, маро ба ёдат меорӣ.
– Хуб, - розӣ шудам ман. – Раҳмат.
Дар қисса симои падари Собир – Умархон низ барҷаста тасвир гардидааст. Дар тамоми асар зӯри бозу ва қуввату ғайрати Умархон равшан эҳсос мешавад. Ӯ корро манбаи ризқу рӯзии инсон медонад. «Дастони пурзӯри кормуштоқашро ба ҳар коре, ки рост ояд, мезанад». Таркиби дастони пурзӯри кормуштоқ майлу рағбати Умархонро ба меҳнати ҳалол басо дилчасп ифода намудааст. Умархон ба ҳар коре, ки даст мезад, онро бо тамоми ҳастӣ ба ҷо меовард. Бинобар ин фаъолияти кории ӯ чун гӯштингириаш ба мушоҳидачиён ҳаловат мебахшид. Боре бародари Умархон аз каландзании додараш ба завқ омада мегӯяд:
– Худо ба ту аҷаб зӯру қувват дода будааст, Умархон!
– Ҳо, лекин мулк надод, обу замин надод, ки ман ин зӯру қувватро дар онҳо кор фармоям.
Улуғзода дар чанд ҷои асар ба панду насиҳат майл доштани Умархонро ишора намудааст. Умархон мехоҳад, ки панду ҳикматҳои ӯро ҳама аҳли оила шунаванд. Дар ин ҳолат, дар каломи ӯ баёни мантиқӣ, таркибҳои ҳикматомез ва мақолу зарбулмасалҳо мавқеъ пайдо мекунанд: «Падарам суханашро давом дода гуфт:
– Аз ҳама гандатар се чиз аст: якум дуздӣ, дуюм ятимонро озор додан, сеюм бахилӣ... Худо дуздро аз ҳама гандатар мебинад – аз барои чӣ? Худо ба одам зӯру қувват медиҳад ва мефармояд, ки: ин зӯру қувватро кор фармуда ризқи худатро пайдо кун... дузд бошад ин чизи

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё