Зеҳн
Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа

АдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

Ҳодӣ Кенҷаев дар мактубаш ба падару модар муроҷиат карда мегӯяд: «Намегузорем, ки дасти бегонае аз гулзори шумо гуле канад ва ё қадами хуке ба боғистони шумо афтад». Дар ҳақиқат, хушбахтӣ ва ҳаёти осудаи мо натиҷаи ҷонбозиҳои фарзандони шуҷои миллат аст. Дар солҳои баъди ҷанг эҷодиёти Ҷалол Икромӣ боз ҳам самараноктар мегардад. Нависанда дар баробари очерку ҳикояҳо таълифи асарҳои калонҳаҷмро низ давом медиҳад. Қисми дувуми романи «Шодӣ» соли 1949 ба табъ мерасад.

Ҳамчунин, қиссаҳои «Ҷавоби муҳаббат» (1947), «Ситора» (1952), «Тори анкабут» (1960) ва романи «Ман гунаҳгорам» (1958) пай дар пай дастраси хонанда мегарданд. Мавзӯи асосии асарҳои мазкур зиндагӣ ва маишати ҳамзамонон аст. «Ман тақрибан аксарияти асарҳои худро ба озодии занон ва муборизаи онҳо барои баробарҳуқуқӣ ва ба ишқу ҷавонӣ бахшидам», — қайд кардааст Ҷалол Икромӣ. Аз ҷумла, рӯзгори душвори зани тоҷик дар ибтидои асри XX дар романи «Духтари оташ» (1960) ба таври воқеӣ ва муфассал тасвир ёфтааст. Ин роман дар насри тоҷик мавқеи калон пайдо кард ва нависанда барои ин асари пурбаҳояш соли 1964 ба Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ сарфароз гардид. Ҷалол Икромӣ мавзӯи романи мазкурро дар романҳои «Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро» (1969) ва «Тахти вожгун» (1974) давом медиҳад ва бо ҳамин дар насри тоҷик асари сегонаро бо номи «Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро» ба вуҷуд меоварад. Ҷалол Икромӣ ҳанӯз айёми мактабхонӣ «Таҳзиб-ус-сибён»-и С. Айниро мутолиа карда, эътиқодманди муаллифи ин асар гардида буд. Баъдҳо С. Айнӣ чун устоди роҳнамо ба фаъолияти эҷодии Ҷалол Икромӣ мунтазам таваҷҷуҳ зоҳир менамуд. Қиссаи ёддоштии «Устоди ман, мактаби ман, худи ман» (1970) чун рамзи сипоси шогирд ба устод Айнӣ бахшида мешавад.

пешина
аз 343
навбатӣ