Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа
Ҷалол Икромӣ фаъолияти адабии худро аз шеърнависӣ оғоз намудааст. Соли 1927 бо маслиҳати устод Айнӣ қалами худро дар наср месанҷад ва худи ҳамин сол аввалин ҳикояаш бо номи «Шабе дар регистони Бухоро» дар маҷаллаи «Раҳбари дониш» чоп мешавад. Ин муваффақияти аввалини адиби ҷавонро водор мекунад, ки минбаъд ба наср мароқ зоҳир намояд. Маҷмӯаи аввалини ҳикояҳои Ҷалол Икромӣ «Ҳаёт ва ғалаба» соли 1932 ба табъ расидааст. Ҷалол Икромӣ минбаъд бо роҳи тарҷума намудани беҳтарин асарҳои адибони рус ва ҷаҳонӣ маҳорати эҷодиашро сайқал дода, ба навиштани асарҳои калонҳаҷм шурӯъ мекунад. Нависанда солҳои 30-юм қиссаҳои «Тирмор» (1935), «Ду ҳафта» (1933), «Аз Москва чӣ овардӣ?» (1936) ва «Зӯҳра» (1940)-ро менависад.
Қиссаи «Тирмор» бо мазмун ва мӯҳтавои мукаммали худ адибро ба шоҳроҳи эҷодӣ раҳнамун месозад. Дар солҳои 30-юм Ҷалол Икромӣ, ҳамчунин, ба навиштани романи «Шодӣ» пардохта, қисми якуми асарро соли 1940 ба анҷом мерасонад.
Ҷалол Икромӣ чун тамоми қаламкашони мамлакати паҳновари Шӯравӣ фаъолияти эҷодии худро баҳри ҳимояи Ватан ва муборизаи беамон ба муқобили душмани ғаддор равона мекунад. Дар «Ҷавонҳо ба майдон мераванд», «Барои Ватан ҷони худро дарег намедорем», «Оҳанпора», «Хандаи пас аз гиря», «Шинел», «Достони марди танкшикан», «Қаҳрамони канори Днепр» ном очерку ҳикоя ва мақолаҳои публитсистии нависанда корномаи ҷангӣ ва фаъолияти меҳнатии ҳамдиёрон васф мешавад. Фаъолияти ҷангӣ ва корномаи ду Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Домуллохон Азизов (аз «Қаҳрамони канори Днепр») ва Ҳодӣ Кенчаев (аз «Достони марди танкшикан») ҷавононро ба муқаддас доштани хоки кишвар ва худшиносию озодандешӣ ҳидоят менамоянд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё