Зеҳн
Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа

АдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

Романи «Ман гунаҳгорам» ба зиндагии зиёиёни тоҷик дар деҳот ва муносибати иҷтимоию ахлоқии онҳо бахшида шудааст. Роман аз оғоз, шонздаҳ боб ва хотима иборат мебошад. Дар оғоз Ҷ. Икромӣ таваҷҷуҳи хонандаро ба утоқи кории прокурор ҷалб менамояд. Шахси ба ҷавобгарӣ кашида дар назди прокурор мегӯяд: «Бале бале ман гунаҳгорам, ҳамаи гуноҳ аз ман содир шуд» Ин сухан боиси пайдо шудани саволҳо мегардад: Ин шахс кист? Чаро худро гунаҳгор мешуморад? Ва гуноҳаш чист? Мундариҷаи асосии асар ба саволҳои боло ҷавоб медиҳад. Ҳар боб бо эпиграф – як порчаи шеърӣ аз назми хаттӣ ё шифоҳии тоҷик шурӯъ мешавад. Эпиграфҳо ба мазмуни бобҳо ишора карда, таваҷҷуҳи хонандаро ба мундариҷаи асар бештар менамоянд.

Боби аввал ба табиати зебои деҳаи Лолазор ва зиндагии осудаҳолонаи оилаи директори мактаби деҳа Анвар Салимов бахшида шудааст. Нависанда мувофиқи мундариҷаи боб чор мисраъ шеъри Саъдиро чун эпиграф интихоб намудааст:

Алами давлати наврӯз ба саҳро бархост,
Лашкари заҳмати сармо зи сари мо бархост.
Ҳар касеро ҳаваси рӯйи гуле дар сар шуд,
На ки ин валвала аз булбули танҳо бархост.

Чунин порчаҳои шеърӣ дар дохили бобҳои асар низ омада, боиси ифодаи боз ҳам ҷолиби мазмуну мӯҳтавои асар мегарданд.

Мазмуни мухтасари асар чунин аст: дар деҳаи Лолазор директори мактаб Анвар Салимов бо занаш - муаллимаи мактаб Сурайё ва ду фарзандаш осудаҳолона зиндагӣ доранд. Дар ин деҳа Мухтор Маҳсумов низ ҳаёт ба сар мебарад. Ӯ котиби шӯрои ҷамоа буда, бо Анвар мухолифат дорад. Рӯзе корманди идораи маорифи вилоят Зайнаб Кабирова барои тафтиши мактаби деҳа меояд.

пешина
аз 343
навбатӣ