Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа
Зайнаб ҳафт сол боз бо Мухтор муносибати наздик дошт. Зайнаб бо ҳидояти Мухтор дар хонаи Анвар ҷой мегирад. Анвар ба ҳусну ҷамоли Зайнаб мафтун гардида, ба ӯ ошиқ мешавад. Моҷарои ишқи нобаҳангоми Анвар дер давом намекунад, вале ба ин оилаи тинчу осудаи деҳотӣ ташвишҳои зиёд меорад. Анвар, ки барои рафтори номуносибаш ҳам аз ҷониби Сурайё ва ҳам аз тарафи Зайнаб мавриди сарзаниш қарор гирифта буд, дар вазъияти ноороми рӯҳӣ меафтад. Дар ҳамин вазъияти ноинчор барои овардани маоши муаллимон ба ноҳия рафта, баъди гирифтани пул дар хонаи як дӯсташ то мастшавӣ менӯшад. Дар бозгашт дар назди деҳаи Лолазор ҳалтаи пулро фаромӯш карда, оқибат кораш ба мақомоти тафтишотӣ меафтад. Мухтору Зайнаб, ки ба сафар баромада буданд, ҳалтаи пулро меёбанд. Мухтори ҳарис пулро пинҳон карда, худ аз паи ба мақомоти қудратӣ маълум кардани «ҷинояти» Анвар мешавад. Зайнаб баъди андешаҳои зиёд дар танҳоӣ аз Мухтори бадхоҳу бадният ва фосик абадан тарки алоқа мекунад ва ҳалтаи пулро бурда ба мактаб месупорад.
Мазмуни асар басо ҷолиб аст. Дар романи «Ман гунаҳгорам» асосан чор образ фаъолият мекунанд: Анвар Салимов, ҳамсари ӯ Сурайё, Зайнаб Кабирова ва Мухтор Махсумов. Воқеаи асосӣ байни Анвари зебопараст ва Зайнаби танноз сурат мегирад. Зайнаб зани беиродаест, ки дар ҳаёт раҳгум зада, ба доми Мухтори қаллоб гирифтор шудааст ва ҳоло роҳи наҷот меҷӯяд. Чун Зайнаб ба деҳаи Лолазор омад, Анвар чанд муддат ишқи ӯро дар дил парварид. Образи асосии роман Анвар мебошад ва зиддияти асар, пеш аз ҳама, ба воситаи образи ӯ ҳал гардидааст. Задухӯрд асосан дар ботин ва дили Анвар рӯй медиҳад ва дар ниҳоди ӯ байни ҳиссиёту ақл ва ишқи ногаҳониву вазифаи инсонӣ талош сар мешавад. Гирифтории Анвар ба ишқи нобаҳангом дар боби ҳафт

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё