Зеҳн
Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа

АдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

Танбӯрро барои хондани хатти Шамсияи марҳум даъват мекунад. Оймулло ҳангоми хондани мактуб чандин маротиба модарвор мегиряд. Аз ҷумла, баъди хондани байти зерин:

Ғами замона хӯрам ё фироқи ёр кашам,
Ба тоқате, ки надорам, кадом бор кашам?
Оймулло боз ба зӯрӣ гиряашро фурӯ бурду гуфт:
– Саъдихонам, шеърдонам, шоираи ширинкаломам!

Мактуби видоии Шамсия басо пурсӯз ва ҷонгудоз буда, дар айни ҳол муносибати самимонаи устоду шогирдро ба таври возеҳ ошкор месозад. Шамсияи ноком дар охири мактуб аз падар хоҳиш мекунад: «Шумо агар арвоҳи маро шод кардан хоҳед, Оймуллои азизамро мӯҳтарам шуморед». Дар асар нақши мардон низ назаррас аст. Образҳои мусбат Ҳайдарқул, Асо, Аҳмадхони Машқоб, Ашрафхон, Истад — ҳама мардони оқил, росткор, поктинат ва адолатхоҳ мебошанд ва дар ҷараёни зиндагӣ ботинан комилтар мегарданд. Нависанда мавқеи иҷтимоӣ ва муносибати шахсии онҳоро нозукбинона ба тасвир гирифтааст.

Ҳайдарқул дар аввал танҳо баҳри қасосгирӣ аз Ғаниҷонбой ва Саиди Маст бархоста буд: «Акнун ман танҳо барои як мақсад зиндагӣ мекунам: никор! Аз душманонам никори духтари нокомам, никори зани кулфатзадаам ва никори худамро мегирам». Вале баъдтар маҳдудии мақсади худро дарк намуда, баҳри озодӣ ва хушбахтии тамоми ҳамватанон талош меварзад.

Образҳои манфӣ низ боварибахш ва табиӣ ба тасвир омадаанд. Нависанда гоҳо персонажҳои манфиро ба андеша водор намуда, ҷаҳони ботинии онҳоро равшану возеҳ мекушояд. Масалан, дараҷаи баланди беномусӣ, гарданшахӣ ва ҷоҳилии Абдурраҳмонбеки миршаб аз

пешина
аз 343
навбатӣ