Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа
пас образи Фирӯза дар «Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро» ва «Тахти вожгун» низ идома меёбад. Вале хислату шахсияти ин образ дар китоби аввали сегона инкишоф ва такмил меёбад. Баъд аз вафоти Дилоромканиз Фирӯзаи 12-соларо Оймуллои Танбӯр ба тарбияи худ мегирад. Ин зани бомаърифат ва меҳрубон ба Фирӯза савод меомӯзад ва ӯро ба пастиву баландиҳои зиндагӣ ошно месозад. Фирӯза як муддат дар ҳавлии Ғаниҷонбой дар қатори канизони ӯ ҷой гирифт. Меҳнати вазнин ва муносибати дағалона дар ин даргоҳ боиси обутоб ёфтани характери Фирӯза гардид ва дар ниҳоди ӯ ҳисси кӯшишу талошро бедор кард: «Наход ки ман ҳам мисли Шамсия, мисли Савсан ҷавонмарг шавам. Не, ман бояд аз ин даргоҳ, аз ин варта наҷот ёбам». Хислатҳои сарбаландӣ, кордонӣ ва ҳақталабиҳои Фирӯза аз модаркалонаш ба мерос мондааст. Ӯ дар охири асар чун зани собитқадам ва дорои иззати нафси баланд ба назар мерасад. Суханони зерини Фирӯза симои ҳақиқии ӯро равшану возеҳ нишон медиҳанд: «Рафта ба амир ва Пошшобибӣ гӯед, ки, - гуфт бо овози баланд Фирӯза, - мо аз оташ, аз аҷал ва аз тиру туфанг наметарсем. Оташ ҳам, аҷал ҳам, тиру туфанг ҳам аз азобу уқубати бандагӣ, канизӣ ва дарбори шумо беҳтар аст! Сӯзаду хокистар шавад хонумонатон, ки хонумони моро сӯхтед».
Дар китоби «Духтари оташ» ҳар як образ, хоҳ асосӣ бошад ва хоҳ ёрирасон, симои хоси худро дорад. Махсусан, образҳои Оймуллои Танбӯр ва Шамсия ҷолиби диққатанд. Оймуллои Танбӯр ба таълиму тарбияи Фирӯза ва Шамсия барин духтарон саҳм дорад ва шогирдонро чун фарзанд азиз медорад. Ин ҳолатро, алалхусус, аз тасвири лаҳзаи хатхонии Оймулло бармало мушоҳида кардан мумкин аст. Шамсия, духтари Абдурраҳмонбеки миршаб, чун нишонаи эътироз ба қувваҳои бадӣ худкушӣ мекунад ва пеш аз марг як порча хатти видоӣ менависад. Падар баъди ба хок супоридани духтараш Оймуллои

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ