Зеҳн
Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа

АдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

ҳарбии ҳукумати подшоҳии рус Петр Данилов ва дар кони ангишти Шӯроб ба кор даромадани онҳо тасвир ёфтааст. Бобҳои минбаъдаи китоби якуми «Шӯроб» ба меҳнати пуразобу талошҳои озодихоҳонаи ангиштканон бахшида шудаанд. Давлат миёни коргарони гуногунмиллат қарор мегирад, ба беадолатиҳои иҷтимоӣ рӯ ба рӯ мешавад ва мебинад, ки бошандагони шаҳраки коргарии Шӯроб низ дар вазъияти бади иқтисодӣ қарор доранд. Давлат бо мурури замон инкишоф ёфта, ба дараҷаи шахсияти шинохтаи кони ангишти Шӯроб мерасад ва ҳамроҳи Петр, Холи воруҳӣ, Дарья, Маҳками Мухтор барин озодихоҳон ба амалиёти пинҳонкорона мепардозад. Воқеаҳои китоби якуми роман бо ғалабаи инқилоби Октябр ба охир мерасад.

Воқеаҳои китоби дуюми роман аз давраи Ҷанги шаҳрвандӣ оғоз ёфта, то охири соли 20-ум давом мекунад. Симоҳои мусбати асар, ки акнун соҳибони кони ангишти Шӯроб гардида буданд, худ ба фаъолияти роҳбарӣ мепардозанд. Холи воруҳӣ, Давлат, Петр, Арслоналӣ, Аверченко барин образҳои мусбат бештар амал карда, зиддиятҳои симоҳои мусбату манфӣ камтар ба назар мерасад. Арслоналӣ ва Петр аз сафи артиши шӯравӣ ба кони ангишти Шӯроб бармегарданд ва баҳри ободии кон ва истеҳсоли ҳарчи бештари ангишт меҳнат мекунанд.

Дар китоби сеюми романи «Шӯроб» замони воқеаҳо ба охирҳои солҳои 50-ум ва ибтидои солҳои 60-уми асри XX тааллуқ дошта, он фаъолияти иҷтимоӣ ва ташкилотии персонажҳои асосиро дар айёми пиронсолӣ дарбар кардааст. Р.Ҷалил дар боби аввал – «Ҷомаи бомаслиҳат кӯтоҳ намеояд» воқеаро аз маъракаи ба нафақа баромадани Давлат Назаров оғоз намуда, баъд ба таври вопасгирона (ретроспективӣ) ба замони 30-40 сол пеш мегузарад. Дар панҷ боб воқеаҳои даврони баркамолӣ ва ба ҳаёти оилавӣ қадам гузоштани Давлату Иноят, Петру

пешина
аз 343
навбатӣ