Зеҳн
Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа

ТаҳсилотАдабиёт
Аз аввал хондан

Лида ва Акбару Рокия тасвир меёбад. Нависанда дар чанд боби дигари асар масъалаҳои тарбияи фарзанд ва дар асоси илм пеш бурдани истеҳсолотро ба миён мегузорад. Зиддият миёни нафақагир Давлат Назаров ва раиси кони ангишт Шукуров авҷ мегирад ва он бо ғалабаи Назаров анҷом меёбад.

Романи «Шӯроб» асари серперсонаж буда, дар он 236 нафар иштирок менамояд. Р.Ҷалил ба воситаи Холи ворухӣ, Давлат, Петр, Акбар, Буров, Эсанпай, Дарро, Арслоналӣ, соҳибони кони ангишт Александров, Петухов, Идрисенко, сардори маҳалла, ҳисобчӣ Писин, қурбошӣ, Ҳасанкӯса барин персонажҳои мусбату манфӣ зиндагии табақаҳои мардуми тоҷикро аввали асри XX нишон додааст.

Дар романи «Шӯроб» симои аз ҳама назаррасу хотирмон Холи ворухӣ мебошад. Хол монанди Лутфуллоғӯппон (аз «Ёддоштҳо»-и Айнӣ) ва Восеъ (аз «Восеъ»-и Улуғзода) дорои қувваи азими ҷисмонист. Хол зодаи яке аз қарияҳои кӯҳии Исфара – Ворух мебошад, ки дар кони ангишти Шӯроб заҳмат мекашад. Ӯ аввал чун шахси дағал, майзада ва бесару сомон тасвир ёфтааст. Баъд аз кор ба шароб дода шуда, зану фарзандонро ҳақорат ва лату кӯб мекунад. Вақте ки Хол ба коргарони русу украин ошной пайдо мекунад, оҳиста-оҳиста дар шуури ӯ ҳисси муқобилият ба зулму ситам пайдо мешавад. Ӯ дар сари қабри ҳампешааш Суренко мардуми ҷамъомадаро ба корпартоӣ даъват мекунад: «Нафсуламри гапро гӯям, одам ба дунё чанд бор меояд? – пурсид ӯ ва худаш ҷавоб дод: -- Як бор. Ҳамин тавр, ки бошад, як омадан ҳасту як рафтан. Раҳматии Суренко дирӯз ҳамин вақт дар ҳамин ҷо, дар байни мо буд. Имрӯз бурда гӯр мекунанд. Мо бошем, монанди сангпушт сари худро ба даруни ҷома мекашем, ба гӯр карданаш ҳам намеравем, ба болокориаш аз ин нокасон гап мешунавем. Ман рафтам». Ҷаҳду талоши Хол баҳри ҳуқуқҳои худ баъдҳо

пешина
аз 343
навбатӣ