Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа
характери муташаккилона мегирад. Нависанда сурату сират ва амалиёти Холи ворухиро дар ҷараёни меҳнату муносибат ба табақаҳои гуногуни ҷомеа нишон медиҳад. Сухани Хол низ мувофиқи характери ӯ ибратомӯз ва пандомез аст. Аз нутқи қаҳрамон, ки бо мақолу зарбулмасалҳо ва порчаҳои шеърӣ оро ёфтаанд, хислатҳои инсондӯстӣ, хайрхоҳӣ ва некандешии ӯ маълум шуда меистад:
- Ҳамин тавр гуфтию мондӣ, додархон. Туф кунӣ, ба рӯи худат меафтад, - гуфт Хол-бобо. - Муфаттиш шинос буду маро аз худам хубтар медонист. Аммо ширро сафед гӯям, қабул намекард. Аз душманон баранд шикоят ба дӯстон, Чун дӯст душман аст, шикоят куҷо барем?-гуфтаанд.
Ҳамин тавр, Холи ворухӣ дар охири роман ҳамчун муаллими коргарони ҷавон шӯҳратёр мешавад. Роҳбарони кон ҳамеша аз вай маслиҳат мепурсанд ва ҳамчун собиқадори кони ангишти Шӯроб қадршиносиаш менамоянд.
Дар образи Давлат беҳтарин хислатҳои мардони заҳматкаши тоҷик тасвир гардидаанд. Меҳнатдӯстӣ ва хушзеҳнии Давлат ҳанӯз аз давраи кӯдакиаш аён мегардад. Давраи кӯдакӣ назди падараш Ҳакимбек ҳунар ёд мегирад, баъди вафоти падару модар дар тарбияи Саломатшоҳу Пётр монда, аз Пётр забони русӣ меомӯзад. Ин ятимбачаи зирак ба воқеаҳои замон дуруст сарфаҳм меравад. Давлат ҳамроҳи бародархондаш Пётр ба Шӯроб омада, тақдирашро ба кони ангишт, ба шаҳрчаи коргарӣ ва сокинони ин макон мепайвандад. Давлат вақти дар нафақа будан ҳам назди халқу мамлакат масъулияти зиёде ба дӯш дорад. Ӯ дар рӯи ҳавлии корхона беҳуда талаф ёфтани ғарамҳои ангиштро дида, аз бепарвоӣ ва бесалоҳиятии роҳбари кони ангишт - Шукуров озурдахотир мегардад ва ӯро ба инсофу адолат водор менамояд. Давлат Назаров типи коргарони тоҷики

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо