Зеҳн
Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа

АдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

замони шӯравӣ мебошад, ки устухонашон дар меҳнати ҳалол мустаҳкам шудаанд.

Р. Ҷалил дӯстиву ҳамкории халқҳои гуногунро, пеш аз ҳама, дар симои Пётр Данилов васф намудааст. Аскари қатории армияи подшоҳии рус дар яке аз деҳаҳои дурдасти Бадахшон хизмат менамояд ва ба аҳолии он ҷо дӯстӣ пайдо мекунад. Пётр ба эҳтироми мардуми Бадахшон сазовор гардидааст. Муносибату муомилаи ӯ ба оилаи осиёбони помирӣ Саломатшоҳ, Давлату Дарё, оҳу афсӯсаш аз вафоти бемаҳали Суренко симои ӯро ҳамчун инсони комил ва хайрхоҳ нишон медиҳад. Ба муносибати хешутаборӣ табдил ёфтани дӯстии Пётру Давлат дар вохӯрие, ки баъди се соли ҷудоӣ, ҳангоми аз Ҷанги якуми ҷаҳонӣ баргаштани Пётр ба вуқӯъ мепайвандад, самимию табиӣ тасвир ёфтааст:

  • Акаҷон, акаҷони азизи ман! - ба тоҷикию русӣ фарёд зад Давлат ва ӯро ба оғӯш кашида бӯсидан гирифт.

  • Укаҷони ман, Давлати ман! - мегуфт дар навбати худ Пётр ба оғӯши худ ҷавони нозукандом, лекин боқуввату симпайро маҳкам кашида, - Ҳой, ту ба ман нигар! Ин қадар калон шудӣ? - сонияе аз бӯсу канор боз истода ба рӯйи укаи худ нигарист. Пётр Данилов типи шахсони ғамхору поквичдон аст, ки умри азизро баҳри хушбахтии мардум ва беҳдошти ҷомеа сарф кардаанд.

Дарё, Суренко, модари Арслоналӣ, духтур Любов Василевна, Ҳидоят, Ҷамила симоҳое мебошанд, ки баробари мардон бори зиндагиро ба дӯш доранд, чун маҳбубаву ҳамсар хеле содиқ, чун модар басо меҳрубон ва чун корманд фаъолу ҳалолкор мебошанд. Духтари ширфурӯши деҳотӣ Ҳидоят дар назди Любов Василевна шогирд истода, касби табибиро аз худ мекунад ва ҳамроҳи устодаш деҳ ба деҳ мегардад, то ба дарди мардум даво бахшад. Давлат маҳбубаашро дар либоси мардона дида, ҳайрон мешавад:

пешина
аз 343
навбатӣ