Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа
—Наход ҳеҷ кас надониста бошад, ки духтар дар либоси мард аст? — нобоварона пурсид Давлат. — Ман охир ӯро аз дур шинохтам.
—Барои ин чашмони Давлат даркор буданд, — далели баҳснопазир овард модархонд. Меҳнати софдилона ва шароити мусоиди оилаӣ ба Ҳидоят обрӯю эътибор меорад. Ӯ ҳамчун намояндаи занони тоҷик дар анҷумани аввали занон дар Маскав ширкат варзида, баъдҳо чун мудири боғчаи бачагон дар таълиму тарбияи фарзандони халқ саҳм мегирад.
Аз образҳои лаҳзавие, ки ба таври ҷолиб тасвир ёфтаанд, модари Арслоналӣ мебошад. Дар бобҳои “Наузанбиллоҳ!” ва “Ҳодисаи ҳайратангез”-и китоби аввали роман ин пиразани қирғиз бо илтимоси домодаш Даряро дар хонааш пинҳон кардааст. Дар ниҳоди кампир ду қувваи ба ҳам зид пайдо шуда, ӯро азоб медиҳад. Аз як тараф, ӯ хурсанд аст, ки ин ятими бекасро дар хонааш пинҳон кардааст. Аз тарафи дигар, ӯ дар тарсу ҳарос аст, ки Даря “кофир” аст ва аз “касофати ӯ” мумкин аст дар хонааш бадбахтие рӯй диҳад. Вақте ки ба ин духтар дил бохтани писараш Арслоналиро мушоҳида намуд, ҳуш аз сараш парид. Наход, ки “писари қирғиз, бачаи мӯъмину мусулмон, ба урусдухтар, ба духтари ғайри дин дил додааст?!” Дар ботини ин кампири солхӯрда оқибат ҳисси раҳму шафқат ба Даряи ятим ғалаба мекунад ва ӯ ин духтари бадбахтро ба ҳимоя мегирад.
Дар тасвири симоҳои манфӣ нависанда аз ҳаҷв истифода кардааст. Соҳиби кони ангишт Александров марди ҷисмонан ҳафсу ботинан пуч аст. Ё типи роҳбарони муфтхӯру бадахлок, бевиҷдону фиребгар мебошад ва маънии зиндагиро танҳо дар танпарварию фориғболӣ медонад. Симои зоҳирии Александров ботини нопоки ӯро ҷилва медиҳад: «Александров марди тақрибан шастсола, миёнақад, ба андозае фарбеҳу лабу лунҷаш ба ҳар сӯ

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо