Зеҳн
Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа

АдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

овезон буд, ки бинанда гумон мекард, вай ҳозир ба як тараф шорида меравад. Шиками вай аз ҳад калон буд. Ба назар чунин менамуд, ки ӯ ба болои искам аз зери либос бӯғчаи калонро ҳам бастааст»

Ба ҳамин тариқ, сарнавишти Холи ворухӣ, Давлат Назаров, Акбар ва дигар коргарони кони ангишти Шӯроб баёнгари пайдоиш ва ташаккули синфи коргари тоҷик мебошад.

Забони асарҳои Раҳим Ҷалил дорои хусусиятҳои ба худ хос мебошад. Нависанда кӯшиш кардааст, ки забони асарҳояш равон, образнок ва ҷолиб бошад. Тасвирро хусусан манзараҳои табиат ҷоннок ва таъсирбахш менамоянд. Масалан, романи «Одамони ҷовид» бо тасвири манзараи баҳори деҳаи Тагоб оғоз меёбад:

«Пагоҳии баҳор. Насими навозишгар бӯйи димогпарвари гулҳои дарахтони шафтолу, себ, нок, олуболуи пасу пеш шукуфтаро аз боғҳо ва гулҳои худрӯйро аз доманаи кӯҳҳо ба қишлоқ, даруни дарахту сабзазор пароканда мекард... Дар миёнҷойи осмон як порчаи калони абри сафед, ки ба монандӣ хирмани пахта менамуд, наҷунбида меистод. Духтаре рӯйи яке аз ҳавлиҳои қишлоқро, ки шабнами баҳорон ба он шакароб зада буд, мерӯфт ва дар васфи баҳори дилфиреб таронае мехонд:

Дар домани ҳар шукуфабоғе,
Ҳар барги гуле чу шабчароге.
Гулҳои шукуфта хом дар даст,
Бардошта бонг булбули маст.
Серобии сабзаҳои навхез,
Аз лӯълӯи тар зумуррадангез.

Духтар қомати худро гоҳ-гоҳ рост карда, кокулҳои то ҳами зонуяш фуромадаро даст намуда, ба тахтапушт мепартофт ва дар ҳангоми нафасросткунӣ нигоҳе ба

пешина
аз 343
навбатӣ