Зеҳн
Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа

АдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

дарахтон менамуд, насими пагоҳӣ шоҳҳои пур аз гули марворидмонанди дарахтонро оҳиста-оҳиста мечӯнбонд».

Ин тасвир, аввалан, таваҷҷуҳи хонандаро ба деҳаи Тагоб ва духтаре, ки минбаъд дар маркази воқеаҳои асар қарор мегирад, ҷалб менамояд. Ғайр аз ин, тасвири боло ба услуби эҷодии Р. Ҷалил, ки барои пурқувват намудани таъсири асарҳояш аз порчаҳои шеърӣ фаровон истифода мебарад, ишора мекунад. Қувваи муассирии порчаи мазкурро, махсусан, ташбеҳ, истиора, тавсиф барин санъатҳои бадеӣ афзун гардондаанд. Ба ҳирмани пахта монанд кардани пораи калони абри сафед воқеӣ ва ба ҳаёти халқ наздик аст. Воситаҳои тасвирии бадеӣ забони асарҳои Раҳим Ҷалилро дилчаспу форам намуда, моҳияти эстетикӣ ва маърифатии сухани нависандаро афзун гардондаанд. Ҳар як санъати бадеӣ хусусияти хос дорад ва ягон ҳодисаи муҳимеро равшан инъикос менамояд:

а) «ҳоло вай...дар курсӣ нест кардани бесаводӣ сарашро лучу ҳафтоду ду тори асабашро якто карда мехонд».

б) «чунон ки ҷӯю ҷӯйчаҳои майда ба ҳам пайваста ба дарё мубаддал мешаванд, ғайрати якҷояи одамон ба қувваи тавоное мубаддал мегардид».

Дар мисоли аввал барои нишон додани тағйироти сифатии халқи меҳнатӣ дар солҳои 30-юм муболиға (ҳафтоду ду тори асабашро якто карда) саҳм гирифтааст. Дар мисоли дуюм бошад, қудрати фаъолияти дастҷамъонаи мардум ба воситаи ташбеҳи мураккаб (ба якҷошавии ҷӯйчаҳои майда монанд кардани ғайрати якҷояи одамон) таъкид ёфтааст.

Р. Ҷалил барои тасдиқи фикру андеша ва амалиёту муомилаи персонажҳо мақолу зарбулмасал ва суханҳои ҳикматноки халкро айнан истифода кардааст: «Дасти одамизод гул», «Тоқати меҳмон надошт, хона ба меҳмон гузошт», «Гап зану муомила шунав», «Бе шамол шохи

пешина
аз 343
навбатӣ