Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа
дарахт намеҷунбад» ва дигарҳо. Ду мисол: «Дар маҳаллаи мо тамоми навигариҳоро аввал занон мефаҳманд. Аксар хабарҳои ёфта омадаашон пурра набуданд ҳам, қисман тасдиқ мегардад. Бечиз намегӯянд, ки «бе шамол шохи дарахт намеҷунбад». Ё худ: «Котиби ҳавзаи фирқа Усмон Баротовро ҷустуҷӯ кардаму наёфтам. «Асои пир ба ҷои пир» гуфта ба назди котиби комсомол омадам».
Р. Ҷалил вобаста ба тарзи баён ва мавқеи зарбулмасалу мақолҳо дар ҷумла, баъзан, сохти грамматикии онҳоро тағйир медиҳад. Дар ин маврид нависанда кӯшиш менамояд, ки тағйироти шаклӣ боиси костагии мазмун нагардад, балки фикр дар либоси боз ҳам ҷолибтар ифода ёбад. Масалан, адиб аз мақоли «бачаи эрка — балои ҷон» (ё «бачаи бисёр балои ҷон») таркиби ҳикматноки «бачаи бисёр - ҳузури ҷон» сохтааст; Аз зарбулмасали «дасти одамизод гул аст» таркиби «дасти одами озод гул аст»-ро офаридааст; Ба ҷои мақолҳои «пай ҳасту Ҳайдар нест», «на пай ҳасту на Ҳайдар» шаклҳои дигар - «пай ҳасту вай нест», «на пай буду на Ҳайдар»-ро истифода кардааст ва ғайра. Мисол:
«Дасти одамизод гул аст» - мегӯяд зарбулмасали тоҷик.
Мо ба ин калима «озод»-ро ҳамроҳ карда мегӯем: «Дасти одами озод гул аст». Чунки меҳнати озод набудагӣ барои одамизод ранҷу кулфат аст. Меҳнат озод бошад, гул аст, ки димоғи одамизоди меҳнаткашро муаттар мекунад».
Раҳим Ҷалил аз ибораҳои рехта низ бомаҳорат
истифода кардааст. Ибораҳои рехтаи «гарданшахӣ
кардан», «кӣ кашад ҷабру ҷафо, кӣ кунад кайфу сафо»,
«дили касеро гирифтан», «нафас рост гирифтан», «ба рӯйи
худ пӯстак кашидан», «аз қаду бари чизе задан» ва ғайра
ифоданокӣ ва ҷозибанокии забони асарҳои нависандаро
афзуда, сабаби боз ҳам барҷаста ва табиӣ баромадани
образҳо гардидаанд. Аз ҷумла, дар порчаи зерин ҳаяҷони
қалбӣ ва майли зиёди ба ҳам вохӯрдани Пӯлод ва Гулрӯ

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо