Зеҳн
Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа

ТаҳсилотАдабиёт
Аз аввал хондан

ба воситаи ибораҳои рехтаи «чашмро хато кардан» ва «чашм дӯхтан» равшану возеҳ тасвир ёфтааст:

«Вақте ки Гулрӯ оббиёриро баҳона карда наметавонист, чашми Саодатбибиро хато карда, ба бошишгоҳи аскарони сурх нигоҳ мекард. Дар он ҷо он ҷавон чашмони худро хеле вақт ба дари кӯчаи Гулрӯино медӯхт» Чун ин таркибҳои рехта ва суханҳои ҳикматнок ҳам дар сухани тасвирии муаллиф ва ҳам дар нутки персонажҳо фаровон истифода мешавад. Дар баъзе ҳолатҳо суханони ҳикматнок ҳиссаи асосии нутки персонажро ташкил медиҳад. Масалан, Салимбой ҳангоми сӯҳбат ба Пӯлод чунин мегӯяд: «Каждум аз роҳи он, ки бадгуҳар аст, монданаш айбу куштанаш ҳунар аст», гуфтаанд. Дар вақти ба даст афтиданаш гази умри ин хел ноҷинсро кӯтоҳ кардан даркор буд... «Душмани хурд ҳаст балои бузург, ғафлат аз ӯ ҳаст хатои бузург», мегӯянд».

Ҳамин тариқ, забони асарҳои Р.Ҷалил бо бисёр хусусиятҳои худ аз забони дигар нависандагони садаи XX тоҷик фарқ дорад.

пешина
аз 343
навбатӣ