Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа
МИРСАИД МИРШАКАР
(1912-1993)
Шоири халқии Тоҷикистон Мирсаид Миршакар соли 1912 дар деҳаи Синдеви Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар оилаи чорводор ба дунё омадааст. «Деҳаи Синдев хеле хурд буд, — ба ёд овардааст адиб, — ҳамагӣ панҷ-шаш ҳавлӣ дошту халос, вале атрофи он харобаҳои чачор қалъа сар ба фалак афрохта буданд. Баъди вафоти падарам, ки ман он вақт 7-8 сол доштам, модарам ба Поршнев, ба назди хешовандонаш кӯчида омад». Мирсаид Миршакар аввал дар мактаби деҳаи Поршнев ва баъд дар мактаб-интернати шаҳри Хоруғ таҳсил мекунад ва солҳои 1928-1930 дар мактаби ҳизбии шаҳри Душанбе таҳсилро идома медиҳад. Соли 1929 Мирсаид Миршакар дар қатори хонандагони пешқадами Тоҷикистон дар маҷлиси умумииттифоқии пионерон дар Маскав ширкат меварзад. Таассуроти неку фараҳбахши шоир дар ин сафар дар достони «Мо аз Помир омадем» тасвир ёфтааст.
Мирсаид Миршакар солҳои 1931-1934 дар муассисаҳои рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон», кумитаи комсомоли ноҳияи Шӯрообод ва сохтмони Канали бузурги Вахш фаъолият менамояд ва соли 1934 ба хизмати Ватан даъват мешавад. Шоир соли 1937 муҳаррир ва котиби рӯзномаи «Васияти Ленин» таъин мегардад. Мирсаид Миршакар солҳои 1940-1960 дар вазифаҳои масъули Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон кор кардааст ва як муддат раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон будааст. Шоир аз соли 1966 то охири умр аввал ба сифати котиби масъул ва баъд чун раиси Кумитаи мукофоти давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ фаъолият намуд. Суханвар соли 1993 дар Душанбе вафот кард ва ӯро дар мазори Лучоб ба хок супурданд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо