Зеҳн
Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа

АдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

Образи асосӣ падари Шарафҷон мебошад. Падари Шарафҷон дар ҷустуҷӯи қишлоқи тиллоӣ бародараш, дигар ҳамдеҳагонаш ва боз ҷавониашро аз даст медиҳад. Ба тасвир калимаҳои тазодии баҳору хазон ва ҷавониву пирӣ қувват бахшидаанд:

Ба ҳар ҷое, ки рафтему расидем,
Ба ҷуз хорию бадбахтӣ надидем.
Баҳори умри мо охир хазон шуд,
Ҷавонӣ рафту пирӣ ҳамъинон шуд.

Дар достон рӯзҳои охири оворагардиҳои пирамард боз ҳам хотирмонтар тасвир ёфтааст. Пирамардӣ танҳову озурда аз баҳри қишлоқи тиллоӣ гузашта, роҳи хонаашро пеш мегирад. Бадбахтона, роҳи хонаро низ гум мекунад. Дар ин ҳолат тасвир шиддат мегирад ва шоир дар ифодаи ҳолати рӯҳии образ аз ташбеҳу истиора, тавсиф ва саволу хитоб барин воситаҳои тасвир истифода мекунад. Пирамард аз ғояти ғаму дард ва гуруснагию хастагӣ аз ҳуш меравад ва дар беҳушӣ ҳам симоҳои аҷиби ба қишлоқи тиллоӣ монандро мебинад:

Зи байни абрҳо қасри кабуде,
Кабуду дилписанду хушнамуде.
Намоён гашт: Ҳайронам чӣ бошад?
Агар қаср аст вай, пас аз кӣ бошад?
Магар ин гунбади Тоҷи Маҳал буд?
Ва ё ин ҳилакории аҷал буд?

Ниҳоят, ин мард ҳангоми пирӣ ба деҳаи худ баргашта, онро шабеҳи қишлоқи тиллоӣ мебинад. Ӯ аз нав рӯҳ мегирад ва баҳри боз ҳам зеботар намудани Ватан камар мебандад. Шарафҷон аз ду образи аввал фарқ дорад. Ӯ босавод аст ва ба қудрати одам бовар дорад. Суханҳои пурҳарорати Шарафҷон дар бораи ободии диёр симои

пешина
аз 343
навбатӣ