Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа
ӯро чун шахси ватандӯсту воқеъбин ва сухандону маънирас ба назар ҷилва медиҳад. Ӯ дастгоҳи барқҳосилкуниро чунин тасвир менамояд:
Нигар бар хонаи болои дарё...
Ту гӯӣ чанги пуртор аст он ҷо
Ва ё зулфи қачи ёр аст он ҷо.
Дар он ҷо торҳои мусиқӣ аст,
Кунад нохун бар онҳо паҳлавондаст.
Чу мутриб бар навозиш мекунад сар,
Шавад равшан диёри мо саросар...
Мирсаид Миршакар анъанаи эҷодиёти шифоҳӣ ва Низомӣ Ганҷавӣ («Искандарнома»), Абдурраҳмони Ҷомӣ («Хирадномаи Искандарӣ»), Аҳмади Дониш («Наводирул-вақоеъ»), Сиддиқии Аҳзӣ («Миръоти ибрат») барин суханваронро эҷодкорона истифода карда, асари басо ҷолиб таълиф намуд. Ғояи афсонаи қишлоқи тиллоӣ адолат, бахту саодат ва озодӣ мебошад. Шоир роҳҳои воқеии ба хушбахтӣ ва бахту саодат расидани ҷомеаро тасвир намудааст. Ба қавли адиб, ободии Ватану хушбахтии ватандор дар натиҷаи кӯшишу талош ҳосил мегардад. Достони «Қишлоқи тиллоӣ» бо забони содаву фасеҳ, услуби дилкаши бадеӣ ва мазмуни баланди худ дар адабиёти даврони шӯравӣ эътибори калон пайдо кард ва ҳоло ҳам яке аз асарҳои дӯстдоштании назми тоҷик ба шумора меравад.
Достони «Исӯни хирад» ба давраи охири ҳаёту фаъолияти шоир ва файласуфи асри XI Носири Хусрав бахшида шудааст. М. Миршакар дар ду қисм ва ёздаҳ боби достон бо услуби тамсил - ҳикояти Чашмаи Носир рӯзгори ноором, таҳқиру сӯиқасдҳои бардавоми душманон ва як қатор фикру андешаҳои мутафаккирро мавриди тасвири бадеӣ қарор додааст. Дар достон Носири Хусрав чун шахсияти собитқадам, донишманд ва

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо