Зеҳн
Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа

ТаҳсилотАдабиёт
Аз аввал хондан

озодандешу бедордил ба назар мерасад. Мутафаккир мавқеи инсонро дар рӯи замин аз ҳама боло медонад ва таъкид мекунад, ки сарчашмаи бадбахтиҳои одам дар ҷоҳилӣ, коҳилӣ ва беэътиноӣ ба қудрату имконияти худ мебошад. Пас, барои раҳоӣ ёфтан аз ин олудагиҳо ҳамвора дар талош будан зарур аст:

Гули мақсуд то ба даст ояд
Хештанро шинохтан бояд.
Он ки худро шинохт дар дунё,
Мешиносад замири ҳастиро...
Гар зи омӯхтан натобӣ сар,
Бар сари даҳр мешавӣ сарвар.
Тобеъат мекунӣ фалакро ҳам
Чархро, аршро, Малакро ҳам.

Хурофотпарастон ин суханони Носири Хусравро нодуруст шарҳ дода, шоирро кофир ҳукм мекунанд ва шогирдаш – Равшанро сангсор менамоянд. Дар ҳамин вазъи ноҳинҷор ду марди миёнарав Носири Хусравро ба Хуросон, ба дарбори амир даъват мекунанд. Шоир даъвати онҳоро бо қатъият рад карда, дар Юмгон монданро авло медонад:

Манзили ман, ки ғори Юмгон шуд,
Ғор ақлу улумро кон шуд.
Хуб медонад он ки пурдон аст,
Лаъл дар қалби кӯҳ пинҳон аст.
Ман чу лаълам даруни санги сиёҳ,
Гавҳари бебаҳои ин маъво...

Дар порчаи боло, аз як тараф, иззати нафс ва, аз тарафи дигар, мақому манзалати Носири Хусрав барҷаста тасвир ёфтааст. Шоир худро ба лаъли сурх ва Юмгонро

пешина
аз 343
навбатӣ