Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа
ба кӯҳ ё санги сиёҳ ташбеҳ кардааст. Чӣ хеле ки лаъл боиси шукӯҳи кӯҳ мешавад, ғори Юмгон ҳам бо шарофати ин мутафаккир чун кони ақлу илм дар ҷаҳон шӯҳрат меёбад.
Дар қисми дуюми достон айёми пирии Носири Хусрав тасвир ёфтааст. Шоири ранҷидахотир ва бекасу танҳо хеле эҳтиёткор ва пурбардошт ба назар мерасад. Ӯ дигар бо мухолифон баҳсу талош намекунад ва майли ба по хезондани мардумро ҳам надорад. Мутафаккир вақташро зиёдтар сарфи эҷоди асар менамояд ва бо оташи илму дониш решаи ҷаҳолатро аз бунёд сӯхтан мехоҳад:
Балки имрӯз мири кӯҳсорам,
Лашкар аз шеъру достон дорам.
Бо ҳамин лашкари диловари ман,
Зарба меоварем бар душман.
Решаи ҷаҳлро ҳамесӯзем,
Ки чароғи хирад барафрӯзем.
То шавад шоми зиндагӣ равшан,
Бикунад гул харобазори Ватан.
Мирсаид Миршакар ба воситаи ташбеҳ (монанд кардани Носири Хусрав ба амир ва китобҳо ба лашкар), ифодаҳои маҷозӣ (решаи ҷаҳл, чароғи хирад, шоми зиндагӣ, гул кардани харобазори Ватан) ва таркибҳои муқобилмаъно (хирад ва ҷаҳл, барафрӯхтан ва сӯхтан, шом ва равшан) мавқеи олимону суханваронро дар ҳаёти иҷтимоии инсон ва ободии диёр таъкид намудааст. Достон бо вафоти Носири Хусрав ба охир мерасад. Мутафаккир пеш аз вафот ба вопасмондагон васият мекунад. Адиби оламшумул орзу дорад, ки эҷодкорони олами нав ба мероси гуногунпаҳҷую гуногунмавзӯи ӯ муносибати хайрхоҳона дошта бошанд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо