Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа
Мирсаид Миршакар чун шоири бачагон низ маълуму машҳур буда, яке аз поягузорони адабиёти бачагонаи тоҷик шинохта шудааст. Беҳтарин шеърҳои бачагонаи шоир дар маҷмӯаҳои «Ғунчаҳои хандон» (1949), «Ҷӯробҳои гулдор» (1954), ҷилди якуми Куллиёти сеҷилда ва мунтахаби ашъори «Панҷи ноором» ба табъ расидаанд. Асарҳои бачагонаи Мирсаид Миршакар дар жанру шаклҳои мураббаъ, суруду тарона, чистмону афсона, масалу маснавӣ ва драма навишта шудаанд ва мавзӯъҳои ватандӯстӣ, меҳнатдӯстӣ, дӯстиву рафоқат, муҳаббат ба хонишу мактаб, эҳтироми падару модар, манзараҳои табиат ва ғайраро фаро гирифтаанд.
Асарҳои ба хурдсолон бахшидаи Мирсаид Миршакар бо забони ширин, зарбу оҳанги сабук ва рангорангии тасвир ба табиат, олами ҳастӣ ва шавку завқи бачагон мувофиқат доранд. Бинобар ин, «Ғунчишкак», «Бозии ҳарбӣ», «Ватан», «Рост мегӯям», «Рақси Зебо», «Бо айби кӣ?», «Алифбои зинда», «Ҷӯробҳои гулдор», «Дугонаҳо», «Киштии орзу», «Бачагони мо», «Ҷон Тоҷикистон», «Обаки ширин», «Гули лола» барин шеъру сурудҳои шоир вирди забони кӯдаконанд. Ҳатто хурдтарин шеъри бачагонаи шоир дар баробари ба тахайюли наврасон мусоидат кардан, онҳоро ба роҳи ватандӯстӣ ва хештаншиносӣ ҳидоят менамояд. Ба талмеҳ, таҷнис ва тавсифи шеъри «Куҷост Рустам?» таваҷҷуҳ намоед:
Хезеду хезед ба кӯча чаққон.
Камони Рустам гаштааст рахшон.
Бо ин камонаш Рустами Дастон
Бар Ватанаш буд содиқ нигаҳбон!
Мирсаид Миршакар як қатор достонҳои бачагона эҷод намудааст, ки «Мо аз Помир омадем» (1939), «Неъмат» (1942), «Федка» (1942-1948), «Қалами ман»

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо