Зеҳн
Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа

АдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

На аз ёдам равӣ як дам,
Чӣ бедармон шуд ин дардам,
Ту ҳам ёде бикун аз ман!
Дилам хун шуд аз танҳоӣ,
Шабу рӯзам ба раҳпоӣ,
Ки шояд як даме оӣ,
Ту ҳам ёде бикун аз ман!
Насими бод мебӯям,
Гули рӯи ту меҷӯям,
Ба сад фарёд мегӯям,
Ту ҳам ёде бикун аз ман!
Чӣ хушбахт аст он инсон,
Ки баҳри дӯст бахшад ҷон,
Ба ёдат ҷон диҳам ҷонон,
Ту ҳам ёде бикун аз ман!
Ту Ширинию бо ёдат,
Деҳотӣ гашта Фарҳодат,
Биё дар меҳнатободат
Ту ҳам ёде бикун аз ман!

пешина
аз 343
навбатӣ