Зеҳн
Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа

АдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

АМИНҶОН ШУКӮҲӢ
1923-1979

Ҳоҷибоев Аминҷон (мутахаллис ба Шукӯҳӣ) 10 июни соли 1923 дар маҳаллаи Лаклакони деҳаи Рӯмони ноҳияи Хуҷанд ба дунё омадааст. Падари шоир Маҳмудов Ҳоҷибобо ба пахтакорӣ, ниҳолпарварӣ, кирмакпарварӣ ва обҷакорӣ шуғл варзида, ризқу рӯзии фарзандонро пайдо менамудааст. Аминҷон Шукӯҳӣ аз падар дарси зиндагӣ, меҳнатдӯстӣ, дӯстиву рафоқат ва зафар меомӯзад:

Мо дарси зафар аз падар омӯхтаем,
Ин софдилӣ аз саҳар омӯхтаем.
Хубию бадии қадами худро мо
Аз ҳар нигаҳи раҳгузар омӯхтаем

Модари Аминҷон Ибодат Ҳоҷибоева деҳқондухтар буда, дар паҳлӯи шавҳар ба кирмакпарварӣ, мевачинӣ ва пахтачинӣ машғул гардида, сахтиву машаққатҳои рӯзгорро бо ҳам медидаанд. Дар ҷараёни зиндагии Аминҷон нақши амакаш Мирмуҳаммад ва тағояш Дадобой Ашраф хеле назаррас аст. Агар дар дили Аминҷон Шукӯҳӣ шарораҳои аввалини шеъргӯӣ аз табъи баланди шоирии амакаш Мирмуҳаммад пайдо шуда бошад, адолату инсондӯстӣ, ростиву дурандешӣ, дӯстиву рафоқат ва ҷавонмардиро аз падар ва тағояш омӯхтааст.

Аминҷон синфи чорумро дар деҳаи Рӯмон хатм намуда, таҳсилро дар мактаби даҳсолаи ба номи Садриддин Айнӣ, ки баъдан ба номи Максим Горкий номгузорӣ шудааст, идома медиҳад. Аминҷон синфи дахумро хатм нанамуда Ҷанги Бузурги Ватанӣ оғоз меёбад. Дар натиҷа, хонандагон пароканда гашта, муаллимони мактаб ба майдони ҷангу мубориза равона ва ҷалб карда мешаванд. Дар ҳамин айём дар колхози «Ҳақиқати Шарқ» барои мардуми чанд деҳот, аз ҷумла Рӯмон таълими умумиҳарбӣ ба роҳ монда шуда,

пешина
аз 343
навбатӣ