Зеҳн
Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа

АдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

Аминҷони ҷавонро роҳбари дарсҳои сиёсӣ (политрук) таъйин мекунанд. Ҳамзамон, Аминҷон дар колхоз ба ҳайси ҳисобчӣ кор мекунад. Вазифаи асосии ӯ барои мардум рӯзномахонӣ будааст. Баъдан чанд ҳафта дар курсҳои махсуси қисми ҳарбӣ таълим гирифта, ба дараҷаи командири взвод мерасад. Бо боварӣ метавон қайд намуд, ки фаъолияти публитсистии Аминҷон Шукӯҳӣ аз давраи дар колхози «Ҳақиқати Шарқ» ба ҳайси сарҳисобчӣ фаъолият доштанаш ибтидо мегирад. Дар арафаи ҷанг падару модар ва тагояш Дадобой Ашраф Аминҷони ҷавонро бо Қутбиннисо хонадор мекунанд ва аз ин издивоҷ фарзандон Ҳакимҷон, Наҷминнисо, Маърифат, Мағфират ва Каримҷон ба дунё омадаанд.

Зинаи дигари таҳсили Аминҷон Шукӯҳӣ аз моҳи октябр ё ноябри соли 1941 дар факултети забон ва адабиёти курси ҳаштмоҳаи муаллимтайёркунии назди Институти педагогии Ленинобод ба номи С.М. Киров (ҳоло Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров), ки дар маҳаллаи Гузари Охун дар бинои як масҷиди кӯҳна воқеъ будааст, оғоз ёфта, баъдан аз сентябри соли 1942 дар институти мазкур идома меёбад. Маҳз дар ҳамин давра, ӯ ҳамроҳи ҳамсабақон «Журнали дастии адабӣ» ва рӯзномаи девории «Навкаламон»-и факултетро таъсис дода, аввалин намунаҳои эҷодиёти худро маҳз дар ҳамин маҷаллаву рӯзнома ҷой медиҳад. Аз моҳи октябри соли 1942 парокандашавии донишҷӯён оғоз гардида, писарон ба хизмати ҳарбӣ ва духтарон ба корхонаҳои истеҳсолӣ ҷалб карда мешаванд. Дар натиҷа, курс дар институт баста шуда, Аминҷон ба мактаби 7-солаи колхози «Правда» муаллими забон ва адабиёти тоҷик таъйин гардида, аз моҳи декабри соли 1942 то июни 1943 дар ҳамин мактаб ба таълиму тадриси хонандагон машғул мегардад. Аминҷон Шукӯҳӣ пас аз қабул намудани даъватномаи

пешина
аз 343
навбатӣ