Зеҳн
Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа

АдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

ҳарбӣ бо роҳхати Шуъбаи Вазорати корҳои дохилии вилоятӣ (ШВКД) моҳи июли 1943 барои омӯзиши курси махсуси мактаби милисия ба шаҳри Сталинобод омада, баъд аз курси шашмоҳаро хатм намудан ба гирифтани рутбаи сержанти калон мушарраф мешавад.

Аминҷон аз моҳи декабри соли 1943 то январи соли 1946 корманди шуъбаи Вазорати корҳои дохилии вилояти Ленинобод будааст. Дар ин давраи фаъолият низ майлу рағбати Аминҷон Шукӯҳӣ ба шеъру матбуот кам нагардида, дар ин марҳила намунаҳое аз чакидаҳои қаламаш дар матбуот ба табъ расидаанд. Соли 1946 рӯзномаи «Стахановчӣ» («Ҳақиқати Ленинобод») ҳаҷман васеъ мегардад ва бинобар нарасидани ходимони адабӣ Шукӯҳиро ба ин рӯзнома ба кор даъват менамоянд. Аминҷон аз 24 январи соли 1946 дар ин рӯзномаи бонуфузи вилоятӣ ба кор шурӯъ мекунад. Ӯро сараввал ходими адабӣ ва баъдан мудири шуъбаи маданият ва маишат тайин намудаанд. Дар ин муддат намунаи осори публисистӣ ва ашъораш дар рӯзномаву маҷаллаҳои даврӣ зуд-зуд ба табъ мерасанд. Устод Раҳим Ҷалил ва муҳаррир Юлчӣ Бобоев дар шахсияти Аминҷон «журналисти ояндаро медиданд». Майлу рағбати зиёд ба матбуот ва ҷӯяндагиву шеърдӯстии шоири ҷавон натиҷаи судманд дода, котиби масъул ва ҷонишини муҳаррири рӯзномаи «Ҳақиқати Ленинобод» тайин гардида, дар синни 24-солагӣ, яъне соли 1947 ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пазируфта мешавад. Пас аз чанде Аминҷон Шукӯҳӣ аз тарафи идораи рӯзнома ба омӯзиши курси яксолаи назди Мактаби олии партиявӣ ба шаҳри Маскав сафарбар шудааст. Ӯ соли 1950 пас аз хатми курси яксола ба Тоҷикистон баргашта, ҷонишини муҳаррири рӯзномаи «Ҳақиқати Ленинобод» тайин мегардад. Соли 1952 Аминҷон барои таҳсил дар факултети рӯзноманигории Мактаби олии партиявии

пешина
аз 343
навбатӣ