Зеҳн
Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа

АдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

Кумитаи Марказии КПСС дубора ба Маскав фиристода мешавад. Пас аз хатми Мактаби олии партиявӣ соли 1955 ба Ватан баргашта, вазифаи ҷонишинии муҳаррири «Ҳақиқати Ленинобод»-ро давом додааст. Охири соли 1955 Аминҷон Шукӯҳӣ муҳаррири рӯзномаи ҷумҳуриявии «Тоҷикистони советӣ» (ҳоло «Ҷумҳурият») таййин гардида, то соли 1961 дар ин рӯзномаи бонуфуз адои вазифа намудааст. Ӯ соли 1959 котиби Иттифоқи журналистони ИҶШС таййин шудааст. Солҳои 1961-1967 дар вазифаҳои котиб ва ҷонишини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон фаъолияти эҷодию ҷамъиятии худро пеш бурдааст.

Аминҷон Шукӯҳӣ аз соли 1967 то соли 1976 ба ҳайси раиси Кумитаи телевизион ва радио хизмат намуда, бинобар бад шудани вазъи саломатиаш ба кори эҷодӣ гузаштааст. Адиби маҳбуби халқ, ходими намоёни ҷамъиятӣ — Аминҷон Шукӯҳӣ дар айни камолоти эҷодӣ 17 майи соли 1979 дар синни 56-солагӣ дар шаҳри Душанбе вафот намудааст.

Аминҷон Шукӯҳӣ дар баробари фаъолияти шоирӣ, нависандагӣ, публитсистӣ ва драматургию мутарҷикӣ дар тарғибу ҷонибдории идеологияи ҳизбиву ҷамъиятӣ саҳм гирифта, ба ҳайси ходими давлатию ҷамъиятӣ низ шинохта шудааст. Ӯ соли 1948 аъзои Партияи Коммунистии Иттифоқи Советӣ гардида, панҷ маротиба депутати Совети Олии РСС Тоҷикистон ва борҳо аъзои Кумитаи Марказии ҲК Тоҷикистон интихоб шудааст. Шоир соли 1965 барои матни сурудҳои дар васфи Ватан, сулҳу дӯстӣ ва ишқу муҳаббат эҷодкардааш барандаи Мукофоти давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ гардидааст. Аминҷон Шукӯҳӣ барои хизматҳои шоиста дар соҳаи адабиёт, санъат, рӯзноманигорӣ ва радиову телевизион бо унвони Ходими хизматнишондодаи маданияти Тоҷикистон, бо ду ордени «Байрақи Сурхи Меҳнат», бо як ордени «Нишони фахрӣ», 6 медал ва 6

пешина
аз 343
навбатӣ