Зеҳн
Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа

АдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

Грамораи фахрии Президиуми Совети Олии ҶШС Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон (пас аз марг, соли 1994) қадр карда шудааст.

Нахустин шеъраш соли 1942 дар газетаи «Стахановчӣ» ба табъ расидааст. Аввалин маҷмӯаи шеърҳояш «Суруди чашмасор» соли 1948 чоп шудааст, ки аз эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва ошиқонаи шоири навқалам дарак медоданд ва бо забони содаю равонашон ҷозиб буданд. Ҳамин хусусиятҳо дар ашъори маҷмӯаҳои «Ватани сулҳ» (1952), «Рӯзҳои мо» (1954-1955), «Садои дил» (1956), достони «Кӯчабоғи ошиқон» (1962), силсилаи шеърҳои «Муҳаббат ва оила» (1962), «Нафаси гарм» (1964), «Арзи қалам» (1971), китоби дубайтию рубоиҳои «Чормағз» (1973) боз ҳам тақвият ёфта, шӯхрату маҳбубияти муаллифашонро дар миёни мардуму аҳли қалам таъмин доштаанд. Баргузидаҳои ашъори муаллиф баъди сараш дар гулчину маҷмӯаҳои «Кӯчабоғи ошиқон» (1984), «Шоҳаи райҳон» (2003) ва «Баргҳои тиллоӣ» (2014) ба табъ расидаанд. Ба туфайли маҷмӯаҳои ашъори «Ил-18 омад» (1968), «Баррачаи дупо» (1964), қиссаҳои «Об аз куҷо меояд?» (1969), «Асад ва Самад» (1972) бачаҳоро бо воқеаҳои мухталифи зиндагӣ ва шахсони гуногунҳислат ошно гардонда, дар шинохти неку бад имдодашон расондааст. Аввалин асари мансури нисбатан калони ӯ ҳикояи «Шаҳло» буд, ки соли 1964 ҳамроҳи Ҳилолиён Аскар навиштааст. Баъдан, дар ҳамқаламии А. Ҳилолиён қиссаҳои «Шаҳло ва Шифо», «Имзои шахсӣ» (1967), романи «Печутоби роҳҳо» (1977-1978) ва «Садафи сиёҳ» (1974)-ро пешкаши хонандагон намудааст. Худ боз муаллифи қиссаи «Парии ҷазира» (1973) аст. Яке аз устодони мумтози шеъри лирикии тоҷик ба ҳисоб рафта, бисёре аз шеърҳояш оҳангбандӣ шуда, ба таронаҳои маҳбуби мардум табдил ёфтаанд. Драмаҳои «Кӯчабоғи ошиқон» (1964), «Шабҳои фироқ» (1968), «МИВО» (1970),

пешина
аз 343
навбатӣ