Зеҳн
Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа

АдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

либреттои операи «Бозгашт» (1967), ки ба қалами ӯ тааллуқ доранд, дар саҳнаҳои театри Душанбею Хуҷанд мавриди намоиш қарор гирифтаанд. Дар заминаи қиссаи «Об аз куҷо меояд?» филми бадеӣ ҳам офарида шудааст, ки мақбули умум аст. Баъзе аз навиштаҳояшро ба забонҳои гуногун тарҷума ва чоп кардаанд. Худаш осори алоҳидаи А.С.Пушкин, М.Ю.Лермонтов, О.Райнис, В.Сурков ва дигаронро ба тоҷикӣ гардондааст.

НАМУНАИ АШЪОР

Агар рӯзе ҷавонӣ чун баҳорон боз меомад,
Чу оби нуқравори ҷӯйборон боз меомад,
Чу марҷони гул андар шоҳсорон боз меомад,
Туро меҷустаму меёфтам аз нав,
Ба мӯят қиссаҳо мебофтам аз нав.
Зи нав аспи хаёлу орзуро мезадам маҳмез,
Вафодории худро то барам пешат чу дастовез,
Худамро мезадам бар мавҷи баҳри ишқи шӯрангез,
Қадамгоҳи ту лангаргоҳи ман мешуд,
Замину осмон дилхоҳи ман мешуд.
Зи нав такрор мекардам саволи беҷавобамро,
Ба роҳат ҳадя мекардам ҳама кори савобамро,
Ҳамебурдам ба пешат рӯйи каф қалби кабобамро,
Ба он то афғанӣ чашми сиёҳатро,
Бубинам ман рухи олампаноҳатро
Гирифта боз аз нав домани шабзиндадориҳо,
Ба боди субҳ медодам сабақ аз беқарориҳо,
Кашида дар раҳат бо пой нақши интизориҳо,
Ҳамедодам хаёли хешро парвоз,
Ки онро дида шояд мешиносӣ боз.
Фақат изҳори рози хеш андак тез мекардам,
Таваккал карда аз андешаҳо парҳез мекардам, \

пешина
аз 343
навбатӣ