Зеҳн
Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа

АдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

Замини орзуро зуд ҳосилхез мекардам.
Шукуфон карда боғи рӯзгоратро,
Бибӯям бештар бӯйи баҳоратро.

Ту гул нестӣ,
Бидидам, гул вафодорӣ надорад,
Ба роҳи ишқ подорӣ надорад,
Насими раҳгузар чун бӯсад ӯро,
Ба булбул вай дигар коре надорад,
Ту гул не, ҷони ман, ҳаргиз ту гул не.
Гул охир на дилу на дида дорад,
Фақат як чеҳраи хандида дорад,
Агар ҳиммат кунад танҳо ду-се рӯз,
Ба бӯяш хотирам болида дорад.
Ту гул не, ҷони ман, ҳаргиз ту гул не.
Ту дар ҳайрат шудӣ ҳозир аҷаб не,
Валекин ин суханҳо бесабаб не,
Худи ту нағз медонӣ, азизам,
Ҳаёт охир иборат аз тараб не.
Ту гул не, ҷони ман, ҳаргиз ту гул не.
Ту охир мавҷи дарёи вафоӣ,
Ту охир бо дили ман ҳамсадойӣ,
Ба обу оташ афтодам, фитодӣ,
Накардӣ ҳеҷ гоҳ аз ман ҷудойӣ.
Ту гул не, ҷони ман, ҳаргиз ту гул не.
Ба меҳнат чашм коромӯз кардем,
Хаёли толеи фирӯз кардем.
Ту бар ман, ман ба ту дилдорӣ дода,
Шаби торикро ҳам рӯз кардем.
Ту гул не, ҷони ман, ҳаргиз ту гул не.

Мепарварам беҳтар аз ҷонам туро, эй дилрабо, мепарварам, Карда ишқатро, чу дил, дар сина ҷо мепарварам.
Зулфи мушкани туро, мисли сабо, мепарварам,

пешина
аз 343
навбатӣ