Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа
Сарви каддатро ба боғи дилкушо мепарварам, Дар дилам ганчинаи меҳру вафо мепарварам Ман туро сад бор, эй гулпираҳан, санҷидаам, Дар вафою шафқату кору сухан санҷидаам, Хубтар дар рӯзҳои ҷанг ман санҷидаам, Хизмататро дар раҳи ҳифзи Ватан санҷидаам, Бештар аз ин сабаб, дилбар, туро мепарварам.
Гарчи будам дур чанде аз ту, буд ин ифтихор, Рафта дар майдон, намудам бо фашистон корзор.
Буд меҳрат ҷилвагар, дар дидаам, эй гулӯзор, Софтар аз баргҳои қуллаҳои кӯҳсор Дида ин дам боз дар нашъунамо, мепарварам.
Эй Ватанпарвар нигорам, баски ҳастӣ ҳамдамам, Аз ту хуррамтар шавад пайваста қалби хуррамам, Дар гулистони саодат нест андӯҳу гамам, Бар ту мегардад қавӣ даҳчанд аҳди маҳкамам, Меҳри покатро чу шамси пурзиё, мепарварам.
Доимӣ рахшон бувад субҳи сабоҳи бахти мо, Нур пошад дар ҷаҳон хуршеди моҳи бахти мо Ҷовидон монад ба олам ҷилвагоҳи бахти мо, Ин Ватанро к-он бувад пушту паноҳи бахти мо, Бо шукӯҳу шафқату сидқу сафо мепарварам.
Дар базми соҳибҷамолон
Имшаб ба базми соҳибҷамолон
Раксед, ёрон, ҳамчун ғизолон.
Шуд хона равшан, шуд дил мунаввар,
Аз нури чашми кавкабмисолон.
Афтад ба қалби ошиқ шарора
Аз ҳар нигоҳи ширинҳисолон.
Моҳи пур омад аз нав ба таъзим
Бар пеши пои абруҳилолон.
Гул аз рухи гул мебӯсад имшаб
Чун дар баҳорон шоҳи ниҳолон.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо