Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа
Рӯйи хазонро ҳаргиз набинад,
Боғи муроди ҳамсиннусолон.
Оби ҷонбахш Гул ба оби ҷӯй вақте ки хуморӣ мешавад, Барги ҳар як ғунча чашми интизорӣ мешавад.
Об ояд тӯй хоҳам кард гӯяд боғи нав, Ҳар қарори ошиқон аз беқарорӣ мешавад.
Ҳар кӣ кард обод як саҳрои ноободро Ҳар ниҳол аз ҳиммати ӯ ёдгорӣ мешавад.
Дона то дар хок н-афтад кай ба боло қад кашад, Қадри одам ҳам баланд аз хоксорӣ мешавад.
Ташнагонро об додан баски мебошад савоб, Лутфу эҳсони ҳақиқӣ ихтиёрӣ мешавад.
Гул кун, эй саҳрои беҳадду канори рӯзгор, Оби ҷонбахш аз канал имрӯз ҷорӣ мешавад.
Ман шаби васли туро мекобам
Дилбари гулрухи баодобам,
Чӣ кунам то ки дилатро ёбам?
Тӯй он нурфишон хуршедам,
Тӯй он шуълафикан маҳтобам.
Ман раҳи ишқи туро мепӯям,
Ман шаби васли туро мекобам.
Ба умеди нигаҳат мехезам,
Ба хаёлоти рухат мехобам.
Лек, ҷонона, туро ранҷондам...
Пас чӣ созам, ки дилатро ёбам?
Интизорӣ
Гули садбарги сурҳеро харида,
Ба вақти ваъдагӣ сӯят давида,
Туро аммо дар он ҷо ман надида,
Нишастам оҳи вазнине кашида.
Дилам хун шуд зи раҳпоӣ, азизам,

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо