Зеҳн
Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа

АдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

АШӮР САФАР
(1928-1997)

1 майи соли 1928 дар деҳаи Работингаки ноҳияи Маскав (ҳозира Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ) ба ҷаҳон омадааст. Баъди мактаби миёна Донишкадаи муаллимтайёркунии Кӯлобро ба анҷом расонда, муддате дар макотиби минтақа омӯзгорӣ кардааст. Соли 1958 факултети забон ва адабиёти тоҷики Донишкадаи давлатии омӯзгории Кӯлобро хатм карда, дар вазифаҳои нозири калони шуъбаи маориф, ходими адабии рӯзномаи «Ҳақиқати Кӯлоб», мухбири радиои ҷумҳурӣ дар навоҳии Кӯлоб, мудири шуъбаи маънавиёти рӯзномаи «Ҳақиқати Кӯлоб», директори Хонаи пешоҳангон, директори Бунгоҳи табиатшиносии ҷавони вилояти Кӯлоб иҷрои вазифа намудааст. Ҳамзамон, аз фаъолияти омӯзгорӣ дур нашуда, ба толибилмон беш аз 50 сол аз фанни забон ва адабиёти тоҷик дарс гуфтааст. Натиҷаи ҳамин хизматҳост, ки сазовори унвони фахрии «Аълочии маорифи Иттиҳоди Шӯравӣ» гардонида шудааст.

Фаъолияти эҷодии Ашӯр Сафар аз ибтидои солҳои 50-уми асри гузашта оғоз ёфта, бо маҷмуаи ашъори «Ибтидои роҳ» (1964) ба дунёи шеъру шоирӣ ворид омадааст. Шеъру қиссаҳои Ашӯр Сафар ҷанбаи пуркуввати лирикиву иҷтимоӣ дошта, дар маҷмуаҳои «Ибтидои роҳ» (1964), «Илҳом» (1970), «Хандаи гулҳо» (1973), «Фарзанди аср» (1976) интишор ёфтаанд.

Беҳтарин намунаҳои эҷоди шоир дар китоби «Самари умр» (1980) ҷойгузин шуда, бо номи «Плоди жизни» («Советский писатель», Маскав, 1984) пешкаши хонандагони русизабон ҳам гардидааст.

Хонандагони хурдсол шеъру афсона ва чистонҳои бисёри шоирро, ки дар китобҳои «Дастёри додо» (1979), «Гулгардонӣ» (1989) ва «Э мойни, мойни» (1994) гирд омадаанд, азёд медонанду мехонанд.

пешина
аз 343
навбатӣ