Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа
Шеърҳои ҳаҷвии шоир аз намунаҳои беҳтарини ҳаҷвиёти адабиёти муосири тоҷик ба ҳисоб мераванд, ки маҷмӯаи «Гапи подор» (1987) гувоҳи ин даъвост.
Муаллифи маҷмӯаҳои «Гули Маҳтоб» (1983), «Базми садоқат» (1984), «Раиси Миралӣ» (1984), «Холи фатир» (1987), «Цветок луни» (ба забони русӣ, 1987), «Арзи меҳр» (ба ҳуруфи арабӣ, 1993), «Достони нотамом» (1993), «Китоби нохонда» (1995), «Рӯзи сиёҳ» (1994), «Андешаи зиндагӣ» (1997), «Хӯшаи нур» (1998), «Мунтахабот» (2003), «Борони ҳидоят» (2008), «Девон» (2018) аст.
Маҷмӯаи «Арзи меҳр» (1994)-аш сазовори Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ гардида, «Гулчини ашъор» (1997)-аш дар Ҷумҳурии Исломии Эрон ба табъ расидааст.
Ашӯр Сафар дар боби тарҷумаи осори адибони хориҷӣ ва ҳамшаҳриву бародар ҳам хизмати шоиста карда, намунаҳое аз ашъори Р. Ҳамзатов, А. Софронов, С. Смирнов, Зулфия, П. Хузангай ва дигаронро пешкаши хонандаи тоҷик гардондааст. Тарҷумаи маҷмӯаҳои ашъори Қармис Дӯсанов «Табассуми офтоб» (1985), Семён Данилов «Офтоби зимистон» (1987) ва Захария Станку «Сатрҳои оддӣ» (1990) ҳам ба қалами ӯ тааллуқ доранд.
Ашъори алоҳидаи Ашӯр Сафар ба забонҳои русӣ, ӯзбекӣ, озарӣ, қирғизӣ, украинӣ, литвонӣ, латишӣ тарҷумаву нашр шудаанд.
Шоири халқии Тоҷикистон (1991).
Аз соли 1962 узви Иттифоқи журналистон, аз соли 1967 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад.
10 январи 1997 аз олам даргузашт.
Дар Кӯлоб китобхона-осорхона, хиёбон, нимпайкара ва дар Душанбе кӯчае номи ӯро доранд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо