Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа
Бар чаман рафтам баҳорон, то барорам дуди дил, Дидам он ҷо булбуле дар нолаву дар шеван аст:
“Орзу дорам, ки бинам лаб кушоданҳои гул, Дар ҳамин дам хоб ногаҳ пардаи чашми ман аст.
Вошавии ғунҷа бинад зоғи дур аз меҳру сидқ, Қисматам дар лаҳзаи хушбахтиҳоям душман маст.” Ман гоҳи он булбулам дар ҳасрати лабханди гул, Ту гаҳи он гул, ки зоғе пешат andar гулшан аст.
АЗ АШЪОРИ ҲАҶВӢ
Панҷдақиқаҳа
Ҳар рӯз пагоҳ пеш аз кор
Мо гун бишавем назди сардор.
Дар панҷдақиқаҳа кунад боз,
Сардор гапи гузашта такрор:
“Охир чӣ бало расида бошад,
Ёрон ба шумо? Шавед иқрор!
Кас нест хӯрад ғами идора,
Дорад ҳама майли кори бозор.
Дирӯза супоришам куҷо шуд,
Ки нест аз ӯ нишона зинҳор?
Иҷрои плон бувад кашола,
Чун рӯдаи аспи мурда дар гор
Гуфтем басе зӣ боби одоб,
Кас нест вале ба ин тарафдор.
Яъне, масалан, дирӯз бигзашт,
Дар кӯча зи пешам Абдусаттор.
Не дод салому не назар кард,
Ин гуна адаб ба кист даркор?!
Ҳам бинаму ҳам расад ба гӯшам,
З-ин масъала бешумор ахбор...”
То панҷдақиқаҳа шавад буд,
То садр кунад ақида изҳор,
Вақти танаффӯс расад, шитобанд
Аз кор ҳама ба оши тайёр.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо