Зеҳн
Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа

АдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

АЗ АШЪОРИ БАЧАГОНА

Шир-шири борон
Хобам шабонгах,
Дар таҳи долон.
Ояд бар гӯшам
Шир-шири борон.
Аз шир-шири он
Барам ҳаловат.
Гирадам оғӯш
Хоби фарогат.
Гӯё ки бар ман
Вай хонад аз сар
Суруди нарму
Аллаи модар.

Касби бибӣ
Бибии ман кулол аст,
Косиби бемисол аст.
Хушаш ба касбу кораш
Аз шавқи пуркашол аст.
Чу одат ӯ ҳар саҳар
Меравад бар лаби ҷар.
Хоки кулол оварад
Ба халта дар тори сар.
Кӯза месозад бисёр
Хурмаҳои дастадор.
Чағдеҳӣ аз ман калон,
Косаҳо қатор-қатор.
Офтобаи нӯлаш танг,
Чалапчии дастаҷанг.
Лабҳошон аз саиги сурх
Каҷмокаҷак карда ранг...

Касби бибиҷонамро
Акнун худам медонам.
Кӯзаю косаро ҳам
Ман сохта метавонам.

пешина
аз 343
навбатӣ