Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа
мақсадҳои ғоявии нависанда ҷой гирифтааст. Дар қиссаи «Одамиони кӯҳна» иштироккунандагони асар чӣ Зиёбобо ва Аҳрорамаку Иқболхола ва чӣ Оишахону Юсуф Сафозода ва Заррина ба таври мутоибаомез ба тасвир омадаанд, мутоибаҳое, ки дар мавриди Аҳрорамаку Зиёбобо нависанда бо лабҳанди нозук истифода мекунад, маънои меҳрубониву дӯстдориро доранд. Яъне, адиб ин пирони рӯзгордидаро навозиш мекунад. Мутоиба ва мазҳака дар «Одамиони кӯҳна» ҷанбаи лирикӣ пайдо карда, баёнгари ҳиссиёти нозук, меҳру муҳаббат, мамнуният ва шодмонии муаллиф мебошад. Ин навъи асар дар насри давраи нави тоҷик аз Ф. Муҳаммадиев оғоз ёфтааст. Образҳои марказии «Одамиони кӯҳна» мӯйсафедони ҳафтодсола ва ҳаштодсолаанд. Ин пирамардҳо бо рафтору гуфтор ва орзую омолашон шахсони аҷибанд. Дар ин асар чанд моҳи рӯзгори онҳо мавриди баҳси бадеӣ қарор ёфтааст. Аммо ҳангоми тасвир маънӣ амиқтар меравад, то он ҷое ки хонанда тамоми умри онҳоро ба мушоҳида мегирад. Дар эҷоди ин чеҳраҳо хислату одатҳои калонсолон ба назар гирифта шудааст. Яъне, ин қабил одамон ба ҳама чиз кор доранд. Ҳар касбу шуғл барояшон муҳим аст, зеро онҳо ба чашмони пиронаи хеш пасту баландиҳои зиндагиро хубтару беҳтар дида метавонанд. Зиёбобои 80-сола барои дар нисфи боғаш сохтани биноҳои истиқоматӣ розӣ буд. Аммо, вақте фаҳмид, ки дар ин ҷо нияти сохтани нуқтаи пивофурӯшӣ доранд, ба он қатъиян муқобил баромад ва ба Кумитаи Марказии ҳизб арзнома навишт. Дар арзнома, аз ҷумла омадааст: «Чӣ мешуд, ки арақфурӯширо манъ кунед. Радио ҳар рӯз зиёни арақа гуфта медиҳад. Лекин магазинҳо аз арақ, аз вино пур. Ба шишаҳои хушрӯи арақ равған, ҳар хел шарбатҳо, ҳар хел дорувор андохта фурӯшанд, намешавад? Ба ҷойи ин бӯчка-бӯчка пива мефурӯшанд, ба ғайр аз ин ресторанҳову ошхонаҳо ҳам

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо