Зеҳн
Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа

АдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

бисёр арақ мефурӯшанд. Одамҳои боз нағзтар тарбия кардани бошед, корам боз пешрав шавад гӯед, ҳама додар бародар барин аз як гиреҳон сар бардоранд гӯед, арақа манъ кунетон». Далелҳои арзнома зоҳиран содалавҳона намоянд ҳам, аммо ҳаётианд. Зиёбобо мувофиқи тасаввуроти худ зарар ва оқибатҳои бади машруботро иброз дошта, тадбирҳои муборизаи зидди майнӯширо пешниҳод мекунад. Ба пиндошти Зиёбобо, истеъмоли машрубот аз рӯйи шариат гуноҳ буда, зуҳуроти зараровари ҷамъият мебошад. Бинобар ин, муассисаҳои салоҳиятноки давлатӣ бояд истеъмоли машруботро қатъиян манъ намоянд. Ҳамин тариқ, Ф. Муҳаммадиев ба воситаи амалиёти Зиёбобо ва Аҳромарак таваҷҷуҳи хонандаро ба камбудиҳои ҷомеа ҷалб намудааст. Фаъолияти ин мӯйсафедон фалсафаи амиқи ҳаётӣ дорад. Масалан, як рукни фалсафаи Аҳромарак ин аст: «Дӯст бошед, таъриф накунед, таъриф одаму оламро вайрон мекунад».

Дар қиссаи «Одамони кӯҳна» дар паҳлуи мӯйсафедон ҷавонон чун Юсуф Сафозода ва Оишахон низ фаъолият доранд ва муносибати онҳо ба насли калонсол боадабона ва эҳтиромкорона сурат мегирад. Муносибат ва ахлоқи ҳамидаи образҳои қисса барои насли имрӯзи ҷомеаи мо намунаи ибрат аст.

Ягона романи Ф. Муҳаммадиев – «Палатай кунҷакӣ» бо эпиграфи «Чароғи падаронро фурӯзон дор» оғоз меёбад ва аз 33 боб иборат аст. Дар роман як ҳуҷраи бемористон, ки дар дохили он чаҳор кат гузошта шудааст, тасвир ёфтааст. Шахсони муолиҷашаванда раиси кумитаи назорати халқ Носир Аббос, нафақахӯр ва иштирокчии ҷангҳои шаҳрвандию ватанӣ Иванамак, коргар Каримҷонака ва филмбардор Иброҳимҷон Олимӣ мебошанд.

пешина
аз 343
навбатӣ