Зеҳн
Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа

АдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

Ҳамаи инҳо дучори сактаи дил шудаанд ва табиби ҷавон Алиҷон Зардодхон ба табобаташон машғул мебошад. Баъд аз тасвири ҳуҷра – палата нависанда симоҳои дар ҳолати беморӣ қарордоштаро ба сӯҳбат медарорад. Иванамак, Носир Аббос ва Каримҷонака аз норасоиҳои рӯзгор андеша ронда, сари мушкилоти он баҳс менамоянд. Насли ҷавон-Иброҳимхони 27-сола бодиққат баҳси онҳоро ба мушоҳида мегирад. Ӯ ба андешаҳои наслҳои калонсол розӣ мешавад ва онҳоро дар ботин ҳақ мебарорад. Наслҳои калонсол камбудиҳои ҷомеаро бо дарду ҳасрат қабул менамоянд. Муҳокимаву мулоҳизаҳои Носир Аббос ва Ивонамаку Каримҷонақа аз пешомади харобиовари ҷомеаи шӯравӣ дарак медиҳад. Яъне, андешаҳои онҳо аз муҳити танги як ҳуҷраи кунҷакӣ берун баромада, тамоми ҷомеаро фаро мегирад. Онҳо худ дар бистари беморӣ қарор дошта, дар фикри табобати дардҳои ҷомеа буданд. Ба қавли онҳо, ҷомеаро «камҳавслагӣ ва кохилӣ» фишор меоварад ва ин вазъият, асосан, ба шахсоне иртибот дорад, ки дар вазифаҳои масъуланду «виҷдонашон, имонашон, инсофашон, ғайрату ҳамияташон миёни чарб монда нопадид гаштаанд». Хусусан, Носир Аббос, ки вазифаи пурмасъулияти назоратиро ба ӯҳда дошт, чунин нобасомониҳоро борҳо мушоҳида намуда, ба хулосае омадааст, ки «ҳар як зараркунанда ҳам душман аст». Ф. Муҳаммадиев дар солҳои 70-ум дар сохторҳои давлатӣ ва муносибатҳои иҷтимоӣ нобасомониҳоро ба мушоҳида мегирад. Нависанда гӯё 20-25 сол пеш хатари барҳамхӯрии ҷомеаи шӯравиро пешгӯй кардааст. Зеро, сафи зиёнкорон рӯз то рӯз зиёд мешуд ва ин ҷиҳат чунин маънӣ дошт, ки оқибати Давлати Шӯравӣ дар хатар аст. Персонажҳои калонсоли «Палатаи кунҷакӣ» низ як вақтҳо сари вазифаҳои расмӣ буданд ва дар сохтмони ҷомеа заҳматҳо кашида, барои фарзандон шароити мусоид

пешина
аз 343
навбатӣ