Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа
фароҳам оварданд. Акнун дар ҳолати беморӣ ҳама сарнавишти хешро пеши назар меоранд. Онҳо бештар аз камбудиҳои ҷомеа, ки ба фаъолияти роҳбарҳо вобастагӣ доранд, баҳс менамоянд. Ба ақидаи Иброҳимҷон: «Инсон, охир ҳамон аст, ки на фақат ғами хеш, балки ғами дигаронро низ хӯрад... Агар дар вуҷуди навъи башар ҳамин чизи муқаддас, ҳамин нури пок намешуд, таҳаввулот намебуд, дар бадали ин даҳ ҳазор соли охир аз табари сангӣ то ба киштии атомӣ ё ракетаҳои кайҳоннавард намерасид, бешак».
Романи «Палатаи кунҷакӣ» ду хатти сюжет дорад. Самти якум ба фаъолияти се насли аввали одамон дар ҷомеаи сотсиалистӣ иртибот дорад. Дар тасвири адиб инҳо шахсонеанд, ки дар сохтмони ҷомеаи шӯравӣ иштироки фаъол доштанд. Акнун харобшавии онро мушоҳида карда ба ташвиш омадаанд, вале ғайр аз байни худ муҳокима кардану афсӯс хӯрдан дигар чора надоранд. Дар афкори онҳо таҳлилҳои илмӣ кам ба назар мерасад. Аз ин ҷост, ки муаллиф барои пуркувват намудани мантиқи баён нутқи онҳоро бо ривоят, мақолу зарбулмасал, ё порчаҳои шеърии шоирони машҳур оро медиҳад. Ибораҳои рехта, суханҳои ҳикматнок ва мақолу зарбулмасалҳо махсусан дар сухани Носир Аббос мақоми сазовор дорад. Нависанда андешаи Носир Аббосро дар бораи Бекназар ном падаре, ки духтарашро аз ғайри хоҳиши ӯ ба каси дигар ба шавҳар додани мешавад, чунин ба қалам додааст: «Фарзанд меваи ширин. Баъзан дар ҳисси ғамхориву парасторӣ ҳам кас қадри аз ҳад гузаштанашро нафаҳмида мемонад. Чуноне ки баъзе модарон кӯдаки навзодро аз рӯйи меҳр сахт оғӯш карда, нафасгардон мекунанд. Рафиқаш ҳам, Носир Аббос ҳам ин нуктаро хуб медонанд... Лекин гуфтаанд, ки илоҷи воқеа қабл аз вуқӯъ бояд кард».

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо