Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа
Ф. Муҳаммадиев дар «Палатаи кунчакӣ» ба Хайёму Саъдӣ, Камоли Хуҷандӣ ву Ҷалолиддини Румӣ ва Ҳилоли ву Бедил муроҷиат менамояд, аз адабиёти Аврупо мисол меорад ва ба ин восита хусусиятҳои маърифатнокӣ ва андешапарварии асарашро пуркувват менамояд. Аз ин ҷиҳат, ба миён гузоштани масъалаи танҳо аз рӯйи нусхаи асл қироат кардани «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ҷолиби диққат аст. Каримҷонака мухлиси «Шоҳнома» буд ва ҳар сари чанд вақт лаҳзаҳои ҷангро аз матни ба наср гардондаи асар қироат мекард. Иброҳимҷон «ҳеҷ шарҳу тафсиру дигару дигар нусха ба аслаш баробар шуда наметавонад. Як худи сабти мисраъҳояш, оҳанги баёнаш - кони лаззат, олами ҳаловат» гӯён таваҷҷуҳи Каримҷонакаро ба нусхаи аслии «Шоҳнома» ҷалб менамояд. Каримҷонака нусхаи аслии ин асарро ба воситаи писараш дастрас мекунад. Оҳиста-оҳиста аз хониши он ба ваҷд меояд. «Каримҷонака дасти озодашро дар ҳаво алвонҷ дода, чунон саргарми шеърхонӣ буд, ки ба паҳлуяш омадани духтурро, ҳатто ақаллан яктаҳи сафеди ӯро пай набурд:
Ду лашкар ба сони ду дарёи Чин,
Ту гӯй, ки шуд ҷунб-ҷунбон замин.
Биёмад дамон Қорани Рамзан,
В-аз он сӯй Гарсевази пилтан.
Зи овози аспону гарди сипоҳ,
На хуршед пайдо, на тобанда моҳ.
Дурахшидани теғи алмосгун,
Синонҳои оҳордида ба хун».
Дар ҳақиқат, ягон нусха, ягон тарҷума ҷойи аслро гирифта наметавонад ва талабагонро зарур аст, ки барои сайқал додани табъу завқ ба асли «Шоҳнома» таваҷҷуҳ дошта бошанд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо