Зеҳн
Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа

АдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

Хатти дувуми сюжет ба сарнавишти Иброҳимҷон ва Ҳиромон иртибот дорад. Иброҳим Олимӣ, ки касби филмбардорӣ дорад, аз аввал то охир воқеаҳои романро ба мушоҳида мегирад. Ин ҷо шоҳае аз фаъолияти касбии адиб, ки солиёни зиёд бо идораи филмсозии тоҷик ҳамкорӣ дошт, дида мешавад. Иброҳимҷон ва Ҳиромон то ҷое аз таҷрибаи зиндагӣ бархурдоранд, вале ҳар ду ба шикасту рехти рӯзгор гирифтор шудаанд. Ҳиромон намояндаи занони солҳои 70-уми тоҷик аст, ки дар сохтмоне вазифаи ронандагии кранро адо мекунад. Шавҳарашро ноҷавонмардон куштаанд, аз ин рӯ, ба мардон нафрат дорад. Иброҳимҷон вобаста ба касби филмсозиаш ба Ҳиромон шинос мешавад ва ин шиносоӣ рафта-рафта тақдири онҳоро ба ҳам мепайвандад. Ҳиромон дар аввал Иброҳимҷонро аз қабили мардони ношуд медонист, баъдҳо ақидаашро тағйир дода, ба ӯ унс мегирад. Воқеа чунин ҷараён мегирад, ки Ҳиромони дар баландии кран қарор дошта бо гуноҳи як марди нобакор аз кран чаппа мешавад. Ӯ нимишабӣ ба ҳуш омада, худро дар беморхона мебинад. Иброҳимҷон ин хабари мудҳишро шунида, ба беморхона мешитобад. Вақти сӯҳбат бо Ҳиромон аз ҷайби Иброҳимҷон даъватномаи тӯйи арӯсии онҳо намоён буд. Ин тасвир аз он шаҳодат медиҳад, ки Иброҳимҷону Ҳиромон тақдирашонро ба ҳам пайванд месозанд. Ҷолиб аст, ки оғозу анҷоми сюжети роман ба палатаи кунҷакӣ пайвастагӣ дорад. Ин ҳамон палата – ҳуҷраест, ки дар гӯшаи боғи истироҳатии шаҳри Душанбе ҷойгир шуда буд ва як вақтҳо худи нависанда бар асари бемории қалб дар ҳамин ҳуҷра табобат мегирифт. Метавон гуфт, ки асари мазкур то ҷое ба саҳифаҳои рӯзгори нависандаи он далолат мекунад.

пешина
аз 343
навбатӣ