Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа
20 майи соли 1932 дар деҳаи Курговади ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба ҷаҳон омадааст. Нахустин ашъорашро ҳангоми таҳсил дар мактаб-интернати Ғарм суруда, дар рӯзномаи ноҳиявӣ ба чоп расондааст. Пас аз хатми Омӯзишгоҳи омӯзгории Навобод (1951) муҳассили факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин шуда, дар баробари омӯхтани донишҳои бунёдӣ, ҷиддан ба шеърофарӣ машғул гардидааст. Адабиёти классикӣ ва муосири тоҷикро дар муқоиса бо осори адибони бузурги ҷаҳон омӯхта, маҳз дар ҳамин айём ба зарфияту ҳинҷори «шеъри нав» даст ёфтааст.
Аз чунин тамринвораҳо чанд дафтар офарида бошад ҳам, дар нашрашон шитоб накарда, танҳо дар соли панҷуми таҳсилаш дар донишгоҳ намунае чанд аз онҳоро дар маҷаллаи «Шарқи Сурх» ба дасти чоп расондааст. Силсилаи дигари ашъорашро, пас аз фосилае, моҳномаи «Шарқи Сурх» бо номи «Ситораҳои замин» интишор додааст, ки таваҷҷуҳи аҳли завқу суханро ба ӯ, ҳамчун ба ҷавоне ҷӯяндаю ёбанда, ҷалб намудаанд. Пас аз хатми донишгоҳ (1956) вуҷудашро вақфи шеъру шоирӣ намуда, дар муддати 10 соли фаъолияташ дар маҷаллаи «Шарқи Сурх» фаъолият кардааст.
Соли 1968 муовини аввали Раис, солҳои 1976-1991 Котиби якуми Садорати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, интихоб шудааст. Солҳои баъдӣ чанде Раис ва котиби Кумитаи сулҳи Тоҷикистон ва директори Пажӯҳишгоҳи осори хаттии Академияи илмҳои ҷумҳурӣ, солҳои 1996-2000 муовини раиси Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, солҳои 2001-2011 муовини раиси

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо