Зеҳн
Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа

АдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

Кумитаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ буд.

Маҷмӯаи нахустини ашъораш «Шарора» (1960) дар фазои адабии аввали солҳои 60-уми асри мозӣ тозатарин падида ба ҳисоб рафта, маҷмӯаи дувумаш «Ситораҳои замин» (1963) болу пари эҷодашро ҷониби осмони беканораи сухан фарохтар сохтааст. Дар ашъори давраи аввали фаъолияти эҷодии шоири ҷӯянда симоҳои мушаххаси замони рушди илму техника мавриди тамҷиду ситоиш қарор гирифта бошанд ҳам, майдони андешаву бардоштҳои шоир аз пешрафти ҳамарӯзаи зиндагӣ густардатар буда, паҳнаи фароҳтареро тақозо дошт. Бинобар ин, ба жанри достон рӯй оварда, дар адабиёти тоҷику шӯравӣ ҳамчун достонсарои забардасте шуҳратёр гардид.

Достони «Мавҷҳои Днепр» (1964) ситоишномаи рӯҳи баланди ватандӯстию инсонпарварӣ ва дӯстии беназири байни миллатҳои шӯравӣ буда, офаридгорашро дар саросари Иттиҳоди Шӯравӣ ва берунтар аз он иштиҳор бахшид ва сазовори Мукофоти комсомоли ленинии Тоҷикистон (1966) гардонид.

«Достони оташ» (1966) ба тасвири сохтмони Неругоҳи барқи обии Норак ихтисос ёфта, ҳаводиси он дар ҷараёни муборизаи нур алайҳи торикӣ, бо такя ба фалсафаи қадимаи тоҷикон ва бунёди олами нуронӣ аз ҷониби насли нав, сурат гирифтаанд, ки сабку сухани тозае дар адабиёти тоҷиканд.

Достони машҳури «Сурӯши Сталинград» (1975) садои рӯҳи қаҳрамонони зиндаву ҳалокшудаи муҳорибаи бемисли Сталинград, навҳаи ҷонсӯзи падару модарони фарзандгумкарда ва ҳушдори сахте барои пархошҷӯёни замони ҳозира мебошад, ки соли 1979 сазовори Ҷоизаи давлатии Иттиҳоди Шӯравӣ гардид.

пешина
аз 343
навбатӣ