Зеҳн
Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа

ТаҳсилотАдабиёт
Аз аввал хондан

Маро аз Ғарб
Бо таҳдиду хорӣ танг мекарданд,
Даравгарҳо миёни ғаллазорон ҷанг мекарданд,
Маро бо ранги дигар ранг мекарданд, -
Ранги хуну хокистар...
Миёни ҳалқаи оҳан,
Миёни ҳалқаи оташ,
Миёни ҳалқаи ҷангам,
Ҳама хатҳои тӯлу устуво дар гирди ман омад,
Тамоми бори дунё ногаҳон бар дӯши ман омад,
Ҳама ғунчид дар ман – баҳру тӯфонҳо
Зи ашку хуну исёнҳо;
Ман охир шаҳр будам, хонадон будам,
Ман акнун кураи арзам, муаллак дар фазои худ,
Ҳавоям дуди хунолуд,
Куҷо шири сафедам,
Рӯи сурхам, панди шабҳоям?!
Ба ҳам часпид лабҳоям.
Диҳедам косаи обе...
Диҳедам косаи обе,
Ки бе хуни ҷигар бошад!
Кунун гаҳвораам,
Аз тундгардӣ чаппагардонам.
Ба зери бори ман ҷон медиҳад тифлам.
Бубардоред аз ҷоям!
Мадад, эй зодагони ман!
Ҳазар, эй қавмҳои ҷонситони ман
– Аз он рӯзе, ки ман бетифл меҷунбам.
Чунон тангам, чунон бандам,
Ки дар як хона меғунчам.
Маро озод бинмоед,
Ман сайёраам,
Дар банд мемирам!

5 сентябр. Субҳдам манзари маргубе маро ба ҳайрат
овард, бори нахуст аз пушти оташу дуд Волғаро дидам, ки

пешина
аз 343
навбатӣ