Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа
дар маҷрои худ орому солор мерафт. Мо аз самти шимол ба Волга - ба мақсад расидем, вале Сталинград ҳоло дар дасти русҳост, ҷангҳои шадид дар пеш аст... Чӣ асрорест, ки русҳо ба соҳили Волга ақиб нишастаанд, наход дар ҳуди соҳил биразманд. Ин девонагист!»
Аё модар!
Замоне буд сӯи қуллаҳо парвоз мекардӣ,
Зи болои баландии субҳидам овоз мекардӣ
– Уқобатро,
Садоят мешудӣ дар кӯҳҳо такрор,
Намеомад садое аз дару девор.
Кунун истодай дар хобгоҳу хоки фарзандат,
Садояш кун...
Намехоҳӣ, ки аз хобаш кунӣ бедор?
Чӣ тамкине, чӣ таскине!
Ки дар аҳди ту садҳо сарфарозон сарнагун гаштанд,
Худоёни заминӣ ҳамчу ҳайкал вожгун гаштанд,
Вале ту пойдорӣ, ҳайкали меҳру вафодорӣ,
Ҷаҳонро мекунӣ бо меҳри инсонӣ ҷаҳондорӣ.
Аё модархудо, дар гардиши ин чархи бесомон
Ту танҳо будию ҳастӣ ба як паймону як имон!
Биё, Модар,
Ба поят мегузорам шеърҳои зинадорамро,
Замини беканорамро, самои беғуборамро,
Ки онҳоро ҷигарбанди ту аз мурдан раҳо кардаст,
Заминро ӯ ато кардаст,
Саморо ӯ само кардаст.
Бихон аз ин баландии достони қаҳрамононро,
Ҳидоят кун ба сӯи қуллаи фарзандҳоят навҷавононро,
Биҷунбон хокро – гаҳвораю тобути инсонро,
Бикун бо умри худ пайванд умри рӯзгоронро!

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо