Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа
Бузургӣ — хоксорӣ
Духтари тоҷик, дар тасвири ту
Ҳар сухан берангу борӣ мекунад,
Ҳаст уммеде, ки дар ин суратам
Ҳусни ту, кори ту ёрӣ мекунад.
Субҳидам дидам, ки пеш аз офтоб
Байни саҳро чун алам метофтӣ,
Бегаҳӣ дидам, ки баъд аз офтоб
Чун шафакҳо боз ҳам метофтӣ.
Ту дар ин саҳро, миёни пахтазор
На баландию на шӯҳрат кофтӣ,
Кор кардӣ аз дилу ҷон, хоҳарам,
Аз ҳамин пастӣ баландӣ ёфтӣ.
З-он, ки бепардоз бошад рӯи ту,
Ҳусни ту кам нею афзун мешавад.
Сурхрӯи кор бошад сарбаланд,
Покии дил — рӯи гулгун мешавад.
З-он, ки ҳар сония бар сӯи замин
Қомати болои ту хам мешавад,
З-он, ки дар рӯи ту мешинад ғубор,
Қиммати ту, ҳусни ту кам мешавад?
Ҳеҷ гоҳе!
Он кӣ ҳар соат ба хок,
Бар замин сад бор таъзим мекунад,
Он кӣ ҳар соат дусад хирворро
Бар Ватан, бар халқ тақдим мекунад;
Он, ки бо ҳурмат, ба ихлоси тамом
Мепарастад зиндагиро, корро,
Саҷда меорад замину обро,
Ҳар ниҳоли пахтаи пурборро, —
Номдорӣ, номдорӣ мекунад,
Аз бузургӣ хоксорӣ мекунад!

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо