Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа
АдабиётТаҳсилот
Аз аввал хонданБародарам,
Бародари ба ҷону дил баробарам!
Шеър дар васфи забони тоҷикӣ
Қанд ҷӯйӣ, панд ҷӯйӣ эй ҷаноб,
Ҳарчӣ меҷӯйӣ, биҷӯ,
Бекарон баҳрест, гавҳар беҳисоб,
Ҳарчӣ меҷӯйӣ, биҷӯ.
Порсӣ гӯйӣ, дарӣ гӯйӣ варо,
Ҳарчӣ мегӯйӣ, бигӯ.
Лафзи ишқу дилбари гӯйӣ варо,
Ҳарчӣ мегӯйӣ, бигӯ.
Баҳри ман танҳо забони модарист
Ҳамчу меҳри модар аст.
Баҳри ӯ ташбеҳи дигар нест, нест,
Чунки шири модар аст.
З-ин сабаб чун шӯхиҳои дилбарам
Дӯст медорам варо,
Чун навозишҳои гарми модарам
Дӯст медорам варо.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо